«Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Июнь 17, 2020 09:29

ДУШАНБЕ, 17.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи рақобатҳои даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ якбора се вохӯрӣ баргузор шуд. Бозии асосии ин давр вохӯри  дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода ва  «Истиқлол»-и Душанбе ба шумор мерафт, ки бозии мазкур бо натиҷаи калони 6:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол»-и Душанбе хотима ёфт.

Рақобати дигар байни дастаҳои футболи  «Истаравшан» ва «Хуҷанд»-и Хӯҷанд бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд. Дар ин майдондорӣ футболбозони шаҳри  «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 аз дастаи рақиб мағлуб гардиданд. Вохӯрии дигар бошад, миёни дастаҳои КМВА ва «Файзканд»  доир шуд. Ин дидори ҷолбу диданӣ  бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ин мавзӯъро    шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Ҳамакнун бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам карда шуд. Ҳамин тариқ, ҳар даста то охири мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Истиклол» – 1:6

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 28 (0:1). Шериддин Бобоев, 36 (0:2). Оятулло Сафаров, 60 (1:2). Алишер Ҷалилов, 61 (1:3). Ваҳит Оразсахедов, 76 (1:4). Муҳаммаҷон Раҳимов, 78 (1:5). Рустам Соиров, 87 (1:6).

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (1:0). Амирҷон Сафаров, 62 (1:1). Ойбек Абдуғаффоров, 78 – аз пеналти (1:2).

КМВА – «Файзканд» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 57 (1:0). Фахриддин Сафарзода, 72 (1:1).

17-уми июн, чоршанбе

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Хатлон» – «Душанбе-83»

«Куктош» – «Локомотив»

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Файзканд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Абдуқаҳор Қодиров, 45+1 (0:1). Ҷасур Қурбонов, 61 (1:1). Анвар Муродов, 67 (2:1).

«Истиқлол» – «Куктош» – 6:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Рустам Соиров, 61 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (3:0). Холмурод Назаров, 69 – (худгол) (4:0). Холмурод Назаров, 81 (4:1). Рустам Соиров, 82 (5:1). Рустам Соиров, 90+3 (6:1).

«Локомотив-Памир» – «Хатлон» – 2:3

Голҳо: Худойдод Узоқов, 30 (0:1). Худойдод Узоқов, 38 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 59 (1:2). Худойдод Узоқов, 67 (1:3). Шаҳром Сулаймонов, 82 (2:3).

 «Душанбе-83» – КМВА – 2:1

Голҳо: Хуршед Абдуллоев, 8 (1:0). Хуршед Абдуллоев, 84 (2:0). Фирӯз Бобиев, 88 (2:1).

Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1.

Голҳо: Диловаршо Ганиев, 22 (0:1). Санҷар Рихсибоев, 24 (1:1). Дилшод Бозоров 42 (2:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

Июнь 17, 2020 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобӣ оғоз намуд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ -2023. Имрӯз рӯзи ниҳоии мусобиқа аст
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон се медал ба даст оварданд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа се ҷудочии Тоҷикистон ба финал баромад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи дуюми мусобиқа доир мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
Маросими ифтитоҳи Гран-прии Душанбе-2023 доир шуд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи аввали мусобиқа оғоз мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Рақибони ҷудочиёни тоҷик муайян шуданд
Пагоҳ дар Душанбе аввалин мусобиқаи «Dushanbe Grand prix-2023» оид ба ҷудо оғоз мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд