Кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони трансмиллии Афғонистон аз хати сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид

Июнь 14, 2020 11:26

ДУШАНБЕ, 14.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 13-ум ба 14-уми уми июни соли ҷорӣ, дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони трансмиллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз хати сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гурӯҳи қочоқбарони трансмиллии афғон бо сардории шаҳрванди ҶИА бо номи Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, тахминан 35-сола, сокини қарияи Навободи вулусволии Чаёби вилояти Тахори ҶИА мақсад доштанд, ки дар минтақаи хизматии дидбонгоҳи сарҳадии «Чубек»-и қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба таври ғайриқонунӣ хати марзро гузашта, миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Қочоқбарон ҳангоми гузаштан аз минтақаи сарҳадӣ ба фармони гурӯҳи оперативӣ-ҷангӣ дар хусуси таслим шудан, итоат накарда, аз силоҳи оташфишон муқобили онҳо оташ кушоданд. Дар рафти муқобилияти шадиди мусаллаҳона, як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд. Нафари дуюми узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, новобаста аз гирифтани ҷароҳати сабук, бо истифода аз торикии шаб тавонист ба хоки кишвари ҳамсоя фирор намояд.

Дар рафти азназаргузаронии макони ҳодиса ҷасади саркардаи қочоқабарон, шаҳраванди ҶИА  Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, як адад автомати Калашников, як адад тирдон бо 38 дона тир, як борхалтаи  полиэтиленӣ бо 10 баста  воситаи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбат ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардида,  тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Коркарди алоқаҳои ҷиноятии трансмиллии гурӯҳҳои қоҷоқбар бо мақсади то ба охир муайян, дастгир, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё нобуд сохтан, қотеона идома хоҳад ёфт.

Июнь 14, 2020 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд