Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: Роҳандозии корҳои таблиғотии мавсимӣ ҷиҳати риояи талаботҳои оббозӣ дар Хоруғ
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳандозии чандин рейд дар боғи марказии «Чорбоғ»-и шаҳри Хоруғ бо истироҳаткунандагон дар мавриди риояи қоидаҳои будубош дар соҳили дарёҳо, ҳавзу обанборҳо, ки одатан сокинони шаҳр дар фасли тобистон ба оббозӣ машғул мешаванд, суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, кормандони Раёсати мазкур ба сокинон ёдрас намуданд, ки бисёр вақт наврасон бе волидайн ва пайвандони калонсолашон дар ин гуна соҳилҳо гаштугузор мекунанд ва бе огоҳии калонсолон вориди об мешаванд.
Аз сӯйи дигар, ҳодисаҳое ҳам ба қайд гирифта шудаанд, ки калонсолон дар ҳоли сархӯшӣ ба соҳили обҳо ҳозир мешаванд ва дар натиҷа наврасону кӯдаконро ба ҳоли худ мегузоранд. Ва ё худ вориди об шуда, ба ҷони хеш хатар эҷод мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарии шумораи зиёди шаҳрвандонро дар канори дарёҳо ва дигар мавзеъҳо, ки шаҳрвандон дар фасли тобистон ба оббозӣ машғул мешаванд, таъмин мекунанд. Назорати ҳамарӯза як низоми корист ва ҳадаф аз он коҳиши теъдоди ҳодисаҳои нохуш дар иншоотҳои обӣ ва марги одамон дар обҳо мебошад.
Кормандони наҷоти Кумита дар ҳар гӯша аз хоки ҷумҳурӣ миёни мардум ҳамин гуна таблиғот мебаранд ва онҳоро аз ҳодисаҳои нохӯши эҳтимолӣ ҳушдор медиҳанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






