Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: Роҳандозии корҳои таблиғотии мавсимӣ ҷиҳати риояи талаботҳои оббозӣ дар Хоруғ

Июнь 20, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳандозии чандин рейд дар боғи марказии «Чорбоғ»-и шаҳри Хоруғ бо истироҳаткунандагон дар мавриди риояи қоидаҳои будубош дар соҳили дарёҳо, ҳавзу обанборҳо, ки одатан сокинони шаҳр дар фасли тобистон ба оббозӣ машғул мешаванд, суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.  Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони Раёсати мазкур ба сокинон ёдрас намуданд, ки бисёр вақт наврасон бе волидайн ва пайвандони калонсолашон дар ин гуна соҳилҳо гаштугузор мекунанд  ва бе огоҳии калонсолон вориди об мешаванд.

Аз сӯйи дигар, ҳодисаҳое ҳам ба қайд гирифта шудаанд, ки калонсолон дар ҳоли сархӯшӣ ба соҳили обҳо ҳозир мешаванд ва дар натиҷа наврасону кӯдаконро ба ҳоли худ мегузоранд. Ва ё худ вориди об шуда, ба ҷони хеш хатар эҷод мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарии шумораи зиёди шаҳрвандонро дар канори дарёҳо ва дигар мавзеъҳо, ки шаҳрвандон дар фасли тобистон ба оббозӣ машғул мешаванд,  таъмин мекунанд. Назорати ҳамарӯза як низоми корист ва ҳадаф аз он коҳиши теъдоди ҳодисаҳои нохуш дар иншоотҳои обӣ ва марги одамон дар обҳо мебошад.

Кормандони наҷоти Кумита дар ҳар гӯша аз хоки ҷумҳурӣ миёни мардум ҳамин гуна таблиғот мебаранд ва онҳоро аз ҳодисаҳои нохӯши эҳтимолӣ ҳушдор медиҳанд.

Июнь 20, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд