Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии ҷавонон дар Душанбе баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самти баланд бардоштани сатҳи фаъолнокӣ ва ибтикори ҷавонон, коҳиш додани таъсирпазирии онҳо ба даъватҳои ифротгароёна ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон 11 июн зимни мулоқоти фосилавии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, ҷонибҳо доир ба дастгирии ҷавонон ибрози андеша намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои пурсамари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва агентиҳои он идома хоҳанд дод.








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






