Масъалаҳои вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар ҷаласаи назди Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи назди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, Раисони ноҳияҳои пойтахт, масъулини сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони бозорҳои пойтахт доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа вазъи пандемия вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 ва иҷрои қарори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳр дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ва бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар қаламрави кишвар иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо ва бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз мекунанд.
Дар ин робита махсусан ба раисони ноҳияҳо дастур дода шуд, ки тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби сокинон бо дарназардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, пешгирии гаштугузор бе ниқоб дар шаҳр ва бе ниқоб ворид шудан ба бозорҳо, безараргардонии шабонаи бозорҳо, инчунин тақсими ниқоб ба сокинон, корҳои пешгирии зиддисӯхторӣ, савдои кӯчагӣ, истифодаи маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, махсусан бозору мағозаҳо ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ тақвият дода шавад.
Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии мавҷи дуюми сирояти коронавирус COVID-19 ба роҳбарони бозорҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ супориш доданд, ки то оғози рӯзи фаъолият корҳои безараргардониро ба роҳ гузоранд.
Дар дохили бозорҳо корҳои тозакунӣ, рангубору таъмир ва баровардани партовҳо амалӣ карда шавад, ҳамчунин дар даромадгоҳҳои бозорҳо долонҳои безараргардонӣ ва ҷойҳои шустани даст бо истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ таъсис дода шаванд.
Раис шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои гузоштани шахсони мутасаддӣ ва истифодаи ҳароратсанҷи масофавӣ дар даромадгоҳҳои бозорҳо ва ҳамаи нуқтаҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, пӯшидани ниқоб аз ҷониби ҳамаи соҳибкорони бозору нуқтаҳои савдои онҳо, насб кардани буклету овезаҳои қоидаҳои риояи беҳдоштӣ дар растаҳо, кашидани хат ва ресмонҳои рангаи масофаи иҷтимоӣ дар ҳамаи дукон ва нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва мусоидати соҳибкорони инфиродии бозорҳо дар озод намудани пардохти андозҳо дар давраи тиҷорат накардани онҳо ҷалб карданд.
Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки дар асоси натиҷаи таҳлилии эпидемиологӣ оид ба тадриҷан холӣ шудани муассисаҳои табобатию профилактикӣ ҷиҳати омода намудани муассисаҳои зикргардида ба фаъолияти рӯзмарра ва тахассусӣ дар мувофиқа бо мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо дарназардошти мунтазам анҷом додани чорабиниҳои безараргардонӣ чораҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии навбатии сирояти коронавируси COVID-19 тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд ва назорати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикиро дар ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ таъмин намоянд.
Ҳамчунин ҷиҳати таъмини фаъолияти корхонаҳои тавлидкунандаи ниқобу маҳлули анисептикӣ, тарбияи мутахассисони варзидаи бемориҳои сироятӣ, тақвияти кори табибони оилавӣ, захираи маводи доруворӣ ва истифодаи минбаъдаи таҷҳизоти зарурии муолиҷаи бемории COVID-19 дастурҳои мушахас дода шуданд.
Раисони ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр муваззаф гардиданд, ки назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар ҳамаи бозорҳои либоса, ошхонаву тарабхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, марказҳои савдо ва мағозаҳои ба фаъолият оғозкунанда пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани баргузории ҳамагуна тӯйю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар маҳаллҳо чораҳои дахлдор андешида, бо мақомоти шаҳру ноҳияҳои гирдуатрофи пойтахт, махсусан ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисору Турсунзода бобати пешгирии бениқоб ворид шудани шаҳрвандон ба пойтахт ҳамкориҳои самарабахшро роҳандозӣ намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе бобати анҷоми корҳои фаҳмондадиҳиву безараргардонӣ дар Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, аквапаркҳо, аттраксионҳо ва гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъӣ, обмонии дарахту ниҳолҳо, корҳои поккорӣ ва партовкашонӣ ба масъулин супоришҳои махсус доданд.
Дар ҷаласа дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳрдорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.












35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст






