МН МО ҶТ: Баррасии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ

Июнь 15, 2020 14:12

ДУШАНБЕ, 15.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмуроди Рустам зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» сухан карда, зикр намуд, ки Лоиҳаи Қонуни зикршуда аз 7 боб ва 36 модда иборат аст. Мақсад аз он  иҷрои банди 58-и нақша — чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ зикр гардидаанд, иборат мебошад. Инчунин риояи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», муайян намудани мафҳумҳои «коррупсия», «муқовимат ба коррупсия», «ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд» ва дигар меъёрҳо дар самти муқовимат ба коррупсия таҳия гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»-ро ба аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳоким Холиқзода муаррифӣ намуд. Номбурда изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида аз 5 боб ва 30 модда иборат буда, бо мақсади амалӣ кардани 300 рўзи ислоҳот ҷиҳати дастгирӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва банди 48 нақшаи — чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён намуданд, пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» мутобиқ  намудан ба шароити муосири иқтисодӣ, ҷорӣ кардани стандартҳои баҳодиҳӣ, муайян намудани салоҳиятҳои Ҳукумати ҶТ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ ва танзими фаъолияти баҳодиҳии ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми ба гарав гузоштани молу мулк ва танзими самаранокии фаъолият дар ин самт мебошад.

Зимни баррасии Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло таъкид намуд, ки мақсади ба имзо расонидани лоиҳаи «Барномаи ҳамкории техникӣ» байни ду давлат, ин баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисони авиатсияи гражданӣ, ҷалби онҳо ба курсҳои кўтоҳмуддати омўзишӣ дар Академияи авиатсионии шаҳри Тулузаи Ҷумҳурии Фаронса, ҷалби коршиносони Фаронса ба ҶТ барои гузаронидани тренингҳои омўзишӣ барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва табодули таҷриба мебошад.

Бояд гуфт, ки созишномаи мазкур ҳамкориро миёни Тоҷикистон ва Фаронса  дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ ба танзим дароварда, заминаи мусоидро барои ҷалби сайёҳон ва сармоягузорон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хоҳад гузошт.

Июнь 15, 2020 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид