МН МО ҶТ: Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июнь 22, 2020 15:14

ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»  ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. 

Ба иттилои манбаъ, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур таъмини кафолати амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон ва ё фоидагирандагон ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт, ки ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии худро суғурта кардаанд, равона карда шудааст.

Бояд зикр кард, ки айни замон суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996 “Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт” амалӣ гардида истодааст, ки санади мазкур бо пуррагӣ талаботи муосири низоми суғуртаро матраҳ карда наметавонад, аз ин рӯ, бо дарназардошти чунин ҳолат зарурияти таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»-ро ба аъзои Шӯро муовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзуллоев муаррифӣ намуда, изҳор намуд, ки лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида ҷиҳати иҷрои банди 66 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо, ки санаи 10 майи соли 2019 баргузор гардида буд, пешниҳод шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки мақсад аз қабули лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида ин пурзўр намудани низоми назорат аз болои фаъолияти бонкҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ ва амалияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Инчунин ҷиҳати мутобиқ намудани мафҳумҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар лоиҳа мафҳумҳои «бонки фаръӣ», «ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ», «ҷамъияти вобаста», «ваколати назоратӣ», «шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод», «ҳиссаи иштироки афзалиятнок» ва «шахси вобаста» такмил дода шуда, мафҳумҳои «ҷамъияти фаръӣ», «ҷамъияти алоқаманд», «аъзои оила» ва «пазириши хавф» илова гардидаанд.

Бо мақсади роҳ надодани фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзии давлатӣ ва пешгирии хавфҳои амалиётӣ аз амалу беамалии онҳо ҳангоми гузаронидани амалиётҳои бонкӣ дар лоиҳа моддаи нав 241 илова карда шудааст.

Ба моддаи 25 қонуни амалкунанда қисми 3 ворид карда шудааст, ки пешниҳод намудани эъломияҳо дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии кормандони ташкилотҳои қарзии давлатиро (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) муайян менамояд.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» дар Шӯро таъкид карда шуд, ки Лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷониби Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар баробари ин, бо назардошти тавсияҳои ФАТФ қабули он барои тақвияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар ин самт ба талаботи тавсияҳои ФАТФ равона шудааст.

Иловаи моддаи 201 ба Қонун ҷиҳати таъмини рақобати озоди иқтисодӣ дар низоми молиявӣ, роҳ надодан ба маҳдудсозии фаъолияти рақобатнок, коҳиш додани хавфи таҷаммуъ ва пешгирии ҳолатҳои сӯиистифода аз мавқеи бартарӣ доштан дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ, таҳвили таъминоти барномавию техникӣ ва таъмини суботи молиявӣ дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур боиси боз ҳам мукаммал, шаффоф шудани низоми бонкӣ ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ҳамин тариқ аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дигари муҳокимагардида қарорҳои дахлдор  қабул намуданд.

Июнь 22, 2020 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд