Натиҷагирии пешакии фаъолияти табибони Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ҳамкорӣ

Июнь 15, 2020 09:32

ДУШАНБЕ, 15.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  14 июн дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» рафти фаъолияти кории муассисаҳои тандурустӣ ва корҳои то имрӯз анҷомшуда дар доираи табодули таҷриба бо табибони Полша, ки аз 06 июни соли ҷорӣ дар ҳайати 16 нафар дар ҶТ қарор доранд, натиҷагирӣ шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ба гурӯҳи табибони Полша, ки дар давраи сипаришуда бо кори муассисаҳои тандурустӣ дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ дар мубориза алайҳи COVID-19 шинос шуда, бо ҳамтоёни тоҷики худ табодули таҷриба карданд,  арзи сипос намуд.

Табибони Полша низ аз рафти фаъолияти  муассисаҳои тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кордонии мутахассисони тоҷик  дар мубориза алайҳи бемории каронавируси COVID-19  баҳои баланд доданд.

Гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик сафари кории як гурӯҳ аз табибони Полша ба вилояти Суғд низ доир шуда, дар назар аст, ки табибон зимни  сафар аз кори мутахассисони муассисаҳои тандурустии вилоят боздид намоянд.

Қобили қайд аст, ки аз давраи омаданашон ба ҶТ, мутахассисони хориҷӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда, аз рафти корҳо дар як қатор муассисаҳои танурустии шаҳри Душанбе ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуда, бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мубориза алайҳи бемории каронавируси COVID-19  табодули таҷриба карданд.

Дар доираи чорабинии баргузоршуда, бо иштироки сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, сардухтурони муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат видеоконфронс гузаронида шуда, атрофи дастовардҳои соҳа дар мубориза алайҳи COVID-19, мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои рафъи он, табодули назар сурат гирифт.

Бояд таъкид намоем, ки 14  июн гурӯҳи нави табибони Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иборат аз 9 нафар ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Мақсад аз  ташрифи мутахассисон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 иборат мебошад.

Июнь 15, 2020 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон