НИҚОБ ПӮШЕД, ФОСИЛАИ БАЙНИ ЯКДИГАРРО РИОЯ НАМОЕД! Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2020 11:42

ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар дар аксар кишварҳо сар задани мавҷи дубораи хурӯҷи бемории коронавирус имрӯз, 4 июн,  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад,  ба  аҳолии  кишвар бо чунин мазмун  расман муроҷиат намуд. Дар муроҷиатнома  чунин омадааст:  

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маълумоти сокинони мамлакат мерасонад, ки дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ хуруҷ карда,  ҳукуматдорони ин давлатҳоро барои тадбирандешиҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ водор сохтааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии  Мардумии  Хитой,  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон,  Арманистон, Олмону Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо баъди коҳиш ёфтани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, хусусан риоя нагардидани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятӣ, инчунин бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ гаштугузор намудани одамон аллакай паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 бештар гардидааст.

Бо назардошти ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки  қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ  аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ   фосилаи  байни  ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчунин  аз  тамоми сокинони  мамлакат, ки аз минтақаҳо ва  шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе меоянд даъват ба амал меорад, ки  бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд  ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои  гигиенаи  шахсию  ҷамъиятӣ  ва  қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро  қатъиян  риоя  намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тамоми сокинони мамлакат бори дигар даъват ба амал меоварад, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.

Дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19  дар  мамлакат  нисбат ба  нафароне,  ки  ин  қоидаву  тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Дар хотир дошта бошед, ки қатъиян риоя намудани қоидаҳои  гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи  ҳатмии  ниқобҳои  муҳофизатии тиббӣ  ва риояи фосилаи байниҳамдигарӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус тадбирҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  роҳи   ҳифзи солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ тақвият бахшида, ба пешгирии саривақтӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Июнь 4, 2020 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш