ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад

Июнь 22, 2020 17:19

ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино, аз ҷумла дар маҳаллаҳои Арбобхотун, Конститутсия, Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои П.Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Балъамӣ, Қаҳорӣ ва шаҳраки П.Нахимов  аз соати 22:00 рӯзи 22 июн то соати 23:00 рӯзи 23 июни соли 2020 қатъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Р.Набиев роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур, раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Июнь 22, 2020 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад