Паҳлавонони шинохтаи тоҷик тамринҳояшонро дар хона мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳида Қаландарова, варзишгари шинохта ва ягона дзюдочии фаъоли тоҷик аст, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз миёни варзишгардухтарон намояндагӣ мекунад. Дар ин бора Муродалӣ Тешаев, шореҳи варзиш ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Дар асоси маълумоти манбаъ, айни замон Ш.Қаландарова дар ҳавои кушод ба тамрин машғул аст. Ба гуфтаи Шоҳида, дар ин давра ҳам барои анҷоми машқҳо монеъа нест ва ҳаракат мекунад, ки ҳолати варзишии худро дар сатҳи хуб нигоҳ дорад. Хотиррасон менамоем, ки Шоҳида дар деҳаи Меҳрободи (собиқ Қурбоншаҳид) ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Номбурда аввал ба самбо шуғл меварзид. Ӯ соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасон дар шаҳри Лимассоли Кипр дар сабқати духтарон дар вазни то 56 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Баъдан ӯ гуштини дзюдоро интихоб кард ва дар ин риштаи олимпӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардидааст.
Бояд кайд кард, ки барои натиҷаҳои баланди варзишияш Шоҳидаро ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон миёни занон дохил намуданд. Ӯ соли 2018 дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар сабқати занон дар риштаи дзюдо танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Шоҳида моҳи апрели соли 2019 дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Тошканд дар сабқати духтарон дар вазни то 57 кило медали нуқра гирифт. Инчунин соли гузашта Шоҳида дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар вазни то 63 кило миёни духтарон дар даври ниҳоӣ бар Фарангиз Ҳоҷиева аз Узбекистон дастболо шуд.
Бояд зикр кард, ки Шоҳида Қаландарова дар ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2021 дар Токио мубориза мебарад. Ӯ соли гузашта дар якчанд мусобиқаи интихобии олимпӣ барои ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио мубориза бурд. Чунончи, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо бо номи Гранд Слам дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб — шаҳрии Абу Дабӣ ва Гранд Слем дар Екатеринбурги Россия ширкат кард.
Ҳамчунин узви дигари мунтахаби ҷавонони мамлакат дар риштаи дзюдо — Разиоллоҳ Лоиқов, барои худ дар боғи назди ҳавлиашон макони машқ омода кардааст. Ӯ ҳамарӯза дар ин ҷо ду бор саҳару бегоҳ тамрин мекунад.
Садр Боев бошад, паҳлавони дигари тоҷик,дар дохили хона машқҳои худро анҷом медиҳад. Ба ҳамин монанд дигар варзишгарони мамлакат низ то анҷоми таваққуфи муваққатӣ дар машқҳои дастаҷамъона ва баргузории мусобиқаҳо, омодагии худро тибқи қоидаҳои беҳдоштӣ анҷом медиҳанд.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






