Профессор Ҷаҳон Азонов: «Хӯроки солим саломатии инсонро бардавом ва умри ӯро дароз мегардонад». Эҳдо ба Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарии ғизо
ДУШАНБЕ, 07.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2018 ҳамасола дар олам 7 июн Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарии ғизо таҷлил карда мешавад. Моҳи декабри соли 2018 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қарори худ ин рӯзро эълон намуда, муҳимияти бехатарии ғизоро барои инсон пешниҳод намуд. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷаҳон ба истеъмоли дурусти ғизо ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Зеро табиби ҳар шахс худи ӯ буда, ҳар нафарро мебояд ба хӯроки истеъмолмекардаи худ аҳамияти аввалиндараҷа диҳад. Чун ғизои солим саломатии инсонро бардавом ва умри ӯро дароз мегардонад.
Тавре зимни суҳбат ғизошинос, докторҳои илмҳоои тиб профессор Ҷаҳон Азонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, бехатарии ғизо ва маҳсулоти ғизоӣ яке аз самтҳои ниҳоят аввалиндараҷаи Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ ва ҳар давлати дунё ба ҳисоб меравад. Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ сол то сол ҳалталаб мегардад ва мувофиқи маълумоти мавҷуда, то соли 2050 аҳолии ҷаҳон 9,1 миллиард зиёд мешавад, ки ин нисбат ба аҳолии имрӯза қариб 34 фоиз зиёд мебошад. Дар ин раванд миқдори аҳолии шаҳрнишин низ бо таҷдид баланд мешавад ва ин барои ҳарчӣ бештар истеҳсол намудани ғизо водор менамояд.
«Барои бехатарии ғизо соҳаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла тандурустӣ, кишоварзӣ, саноат, савдо, маориф ва иқтисод саҳми назаррас доранд. Асосан заҳролудшави одамон аз истеъмоли ғизоҳое, ки нодуруст коркард ва захира мешаванд, ба амал меояд. Ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 600 миллион одамон аз истеъмоли ғизои заҳролудшуда заҳролуд гардида, тақрибан 420 ҳазор нафарашон мефавтанд. 43 фоизи заҳролудшавӣ ба кӯдакон рост омада, қариб 125-126 ҳазор кӯдак аз истеъмоли маҳсулоти заҳролудшуда ба ҳалокат мерасанд. Аз ин рӯ бехатарии маҳсулоти ғизоӣ барои бехатарии саломатии инсон нақши бузург дорад»,- мегӯяд Ҷаҳон Азонов.
Бино ба зикри номбурда, сол то сол дар замин истифодаи маводи химиявӣ зиёд гардида истодааст, ки заҳролудшавии маҳсулот аз ин ҷо аз истеҳсолот, яъне хоҷагии қишлок оғоз меёбад.
«Бехатарии ғизо дорои занҷирае мебошад, ки он аз замин ба корхонаи саноатӣ аз корхонаи саноатӣ ба нуқтаи савдо ва аз он ба истеъмолгар интиқол меёбад. Агар дар ин занҷира бехатарии ғизо нигоҳ дошта шавад, пас метавон гуфт, ки ба дастархони аҳолӣ ғизои солим ворид мешавад. Инчунин ҳангоми харидории маҳсулоти ғизоӣ харидорро лозим меояд, ки ба санаи банду баст ва муҳлати истеъмоли он сахт таваҷҷуҳ намояд. Бехатарии ғизо на танҳо вазифаи сохторҳои марбута аст, инчунин он вазифаи ҷонии ҳар як нафар мебошад»,- гуфт ғизошинос.
Ба андешаи Ҷаҳон Азонов, агар маҳсулоти аз мағоза ва бозорҳо овардашуда ҳангоми ворид кардан ба хона безарар гардонида шаванд, хеле хуб аст. Зеро ҷаҳони имрӯза бо бемории коронавирус даст ба гиребон буда, истеъмоли ғизои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сервитамин ба манфиат мебошад.
Дар мавриди истифодаи ғизо табиби халқии мамлакат Муллозуҳур Тоҳирӣ иброз медорад, ки тарзи дурусти истифодаи ғизо аз овони хурдсолӣ оғоз меёбад. Сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар як шахс муфид хоҳад буд.
Дар таркиби сабзавот унсурҳои зиёди муҳофизатӣ мавҷуданд, ки саломатии инсонро нигоҳ медоранд. Истеъмоли мева, сабзавот ва маҳсулоти шириву донагӣ иммунитети одамро баланд намуда, аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ медорад. Ҳатман моро лозим аст, ки реҷаи дурусти ғизоро истифода барем.
Дӯконҳои пухтупази «тезтайёр» дар кӯчаву хиёбонҳо фаъолият намуда, дар онҳо бештар хӯрокҳои бирёну серравған тайёр карда мешаванд, ки аз он бештар ҷавонону кӯдакон истеъмол мекунанд. Ба зикри мутахассисон, истеъмоли хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак ба саломатии инсон хатарнок буда, он ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмин мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло — таъсири манфӣ доштан ба нишондиҳандаҳои демографӣ, солимӣ ва иқтисодии мамлакат ҳоло дар ҷумҳурӣ якчанд барномаҳо қабул шудаанд, ки яке аз онҳо ин «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» буда, он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо ба инкишофи бемориҳои гуногун мусоидат намуда, инчунин давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад. Он сабаби мубталошавӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, ишемиявии дил), ниқрис, диабети қанди навъи 2, намудҳои алоҳидаи саратон (саратони ғадуди сина, аъзои ҳозима), пайдоиши бемории санги талхадон ва панкреатити музмин мегарданд.
Бинобар истеъмоли нодурусти ғизо тамоюли зиёдшавии фарбеҳӣ дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар расида, тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати ҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ ҷойи 128 – умро ишғол менамояд.
Солҳои охир дар бозорҳои дохили мамлакат меваҳои аз хориҷ воридшуда зиёд ба назар мерасанд. Ҳарчанд шаклу намуди онҳо ба чашм зебо намояд ҳам, вале дар онҳо ҳангоми парвариш химикатҳои зараровар аз меъёр зиёд истифода бурда мешаванд, то ин ки намуди зоҳирии меваҳо хуб ва муҳлати нигоҳ доштани онҳо дар анбор афзун гардад.
Меваҳои мо нисбат ба меваҳои аз хориҷ воридшуда аз ҷиҳати сифат ва бехатарӣ хубтар мебошанд. Ба ибрози ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов, дар Тоҷикистон шаҳрвандон ғизои аз лиҳози экологӣ тоза ва солимро бештар истеъмол мекунанд. Зеро Тоҷикистон дар минтақаи субтропикии хушк ҷойгир буда, бо назардошти таъсири баланди офтоб меваю сабзавоти истеҳсолшуда аз нуқтаи назари витаминнокӣ хеле ғанӣ мешаванд ва истеъмоли онҳо барои боло бурдани масунияти бадан мусоидат мекунад.
Ба иловаи профессор Ҷаҳон Азонов, нафароне, ки ба омода намудани ғизо машғул мешаванд, бояд меъёрҳои санитариву гигиениро риоя кунанд. Инчунин лавозимоте, ки бо онҳо ғизо омода карда мешавад, бояд тоза бошанд. Пеш аз истифода ҳатман онҳоро бо оби гарм обгардон бояд кард. Тахтаю корде, ки бо он меваю сабзавот реза карда мешавад, аз тахта ва корди дар гӯшт истифодашаванда бояд ҷудо бошад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»