Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД иштирок намуд

Июнь 15, 2020 16:44

ДУШАНБЕ, 15.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, ки айни ҳол  раисии Ассамблеяи Парлумонии СААД-ро низ бар ӯҳда дорад, дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилооъ дод, ки иштирокчиёни ҷаласа нахуст рӯзномаи корӣ, аз ҷумла «Дар бораи афзалиятҳои Федератсияи Россия дар давраи раисӣ дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2020»,  «Дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи ноябрии (2019) Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, вазъ дар соҳаи масъулияти Созмон, чораҳо оид ба муқовимати таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ ва тасдиқи аҳдномаҳои байналмилалии дар доираи СААД қабулшуда», «Дар бораи тасдиқи раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Парлумонии СААД оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи натиҷаҳои иҷрои Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2016-2020», «Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021–2025», «Оид ба маблағгузории фаъолияти Ассамблеяи парлумонии СААД»,  «Дар бораи сана, макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро, ҷаласаи сенздаҳуми Ассамблеяи Парлумонии СААД ва рӯйхати масъалаҳои ворид шуда ба лоиҳаи рӯзнома»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои муштараки кишварҳои узвро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Ассамблеяи Парлумонии СААД нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. «Мо итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо кӯмаки ҷиддӣ на танҳо дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки воситаи боэътимоди таъмини субот ва таъмини амният дар соҳаи масъулияти Созмон мебошад. Изҳори итминон мекунам, ки мубодилаи афкори имрӯза ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва дар ҳамбастагӣ ба вазъият дар соҳаи масъулияти Созмон, инчунин арзёбии объективии таҳдидҳо ва чораҳои амниятӣ мусоидат хоҳад кард», — илова намуд М. Зокирзода.

Раиси Маҷлиси намояндагон М. Зокирзода ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон барои татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои СААД пайваста талош меварзад ва барои амалӣ намудани қарорҳо оид ба таъмини дастгирии ташкилӣ ва ҳуқуқии Созмон чораҳо меандешад.

Инчунин дар ҷараёни ҷаласаи фосилавии Шӯро иштирокчиёни чорабинӣ инчунин таҷрибаи парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД-ро дар самти дастгирии қонунии тадбирҳои андешидашуда, дар мавриди паҳншавии COVID-19 ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар шароити нав муҳокима намуданд.

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас ба Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД дар бораи вазъи иҷрои масъулиятҳои Созмон, чораҳо оид ба муқовимат ба таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ ва тасвиби аҳдномаҳои байналмилалии дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иттилоъ дод.

Ҳамзамон дар кори Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД дар реҷаи фосилавӣ-видеоконференсия аз ҷониби Тоҷикистон Раиси кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи  ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод иштирок намуданд.

Таъкид менамоем, ки Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолияти Созмони мазкурро ба роҳ монда, ба ин ниҳод роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия ва Тоҷикистон шомиланд. Дар айни замон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Руссия Вячеслав Володин раисии Ассамблеяи Парлумонии СААД-ро бар ӯҳда дорад.

Июнь 15, 2020 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд