Риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва ҳифзи муҳити зист масъулияти ҳар фард аст
ДУШАНБЕ, 05.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 5 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. 11 майи соли 1971 муроҷиати Котиби генералии СММ садо дод, ки сабаби рӯйи кор омадани ин рӯз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз мамлакатҳои аъзои СММ ташаббусҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявию байналхалқӣ пешниҳод намудааст, ки ҳадафи онҳо, пеш аз ҳама, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ҳифзи муҳити зист, пешгирии муносибати ғайриоқилонаи инсон ба захираҳои табиӣ ва дар ин ҷода баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пешниҳоди чаҳор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об бо иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели таваҷҷуҳи махсус доштани мамлакати мо ба вазъи экологии сайёра мебошад. Ин матлабро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён зимни мулоқоти корӣ бо аъзои ҳизб дар ноҳияи Кӯшониён баён дошт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд, Қиёмиддин Миралиён дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист саҳми Тоҷикистон дар пешгирии ифлосшавии табиат ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт намунаи ифтихор ва шоистаи дастгирӣ арзёбӣ намуд.
Зимни мулоқот Қиёмиддин Миралиён аъзои ҳизбро ба риояи гигиенаи шахсӣ, сохтмони иншооти аз ҷиҳати беҳдоштӣ қобили қабул, ҳуҷраҳои корӣ барои раисони маҳаллаҳо ва марказҳои ҳунармандӣ дар шароити деҳот, инчунин ҳифзи муҳити зист, ки яке аз муҳимтарин масъалаҳои замони ҳозира дониста мешавад, даъват намуд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки иҷрои ин масъалаҳо дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш муҳим аст.
Дар робита ба бемории сироятии нав гуфта шуд, ки мардум набояд ба таҳлука дода шаванд, балки гигиенаи шахсиро ҷиддан риоя кунанд ва нисбат ба ҳифзи муҳити зист бетаваҷҷуҳ набошанд. “Як роҳи тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва ҳам дуруст анҷом дода тавонистани талаботи гигиенаи фардӣ- ин дар деҳотҷой бо усули дренажӣ бунёд кардани обрави дастшӯию ҳаммом мебошад. Лоиҳаи мукаммали чунин иншооти заруриро Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аллакай таҳия кардааст ва хоҳишмандон метавонанд онро ройгон аз мо дарёфт кунанд. Иншоот ҳам замонавист ва ҳам бо масрафи молиявии камтар сохта мешавад”, — гуфт Қ. Миралиён.
Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмони ҳуҷраҳои корӣ барои раисони маҳаллаҳо ва марказҳои ҳунармандӣ дар он аст, ки ба ин васила ҳам тараддуди ҳуҷҷаттартибдиҳии сокинон камтар мешавад ва ҳам занони хонанишин дар марказҳои ҳунармандӣ соҳиби ҷойи кор мегарданд.
Қ. Миралиён гуфт, ки «мо, ҳизбиён талош мекунем дар ин бобат раисони маҳалаҳоро дастгирӣ намоем ва тавсия медиҳем, ки суратҳисоби махсус кушоянд, то хоҳишмандон онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ бе мамониат дастгирӣ карда тавонанд».








Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст






