Роҳандозии корҳои безараргардонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 12.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани сокинон ва пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавируси нави COVID-19, имрӯз аз тарафи Ширкати ФАВЗ шаҳри Душанбе бозорҳои «Корвон», «Корвон плюс», «Корвон ситӣ», марказҳои савдои гирду атрофи он, бозорҳои «Панҷшер», «Ганҷина» ва дар дигар нуқтаҳои гирду атрофи онҳо корҳои санитарию безараргардонӣ роҳандозӣ гардид.
Тавре аз Ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рафти амалӣ кардани корҳои безараргардониву профилактикӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, нозирони санитарии бозорҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии корҳои безараргардониву профилактикӣ дар бозорҳои пойтахт ин тайёрӣ ба оғози фаъолияти онҳо аз санаи 15 июни соли 2020 мебошад, ки қарори он аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ширкати ФАВЗ корҳои санитарию дезинфексионӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, бозорҳо, марказҳои савдову нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ аз моҳи феврал инҷониб роҳандозӣ гардидааст.
Акс аз бойгонӣ








Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад






