«Росатом» усули нави муқовимат бо коронавирусро ихтироъ намуд

Июнь 2, 2020 12:04

ДУШАНБЕ, 02.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутухассисони  Институти физикӣ-энергетикии  Лейпунский (яке аз марказҳои  пешрави  илмии  давлатии ширкати «Росатом») усули ҷолиберо  дар табобати коронавирус  эҷод карданд  —  яъне ба воситаи  нурҳои ултрабунафш тоза кардани шушҳо.  Дар ин бора  дар мусоҳиба  бо нашрияи  расмии соҳаи атомии Россия — рӯзномаи  «Страна Росатом»,  директори  ИФЭ  Андрей Говердовский  изҳори ақида  намудааст,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «Известия».

Ӯ мегӯяд, ки  олимон ин лоиҳаро   алҳол  «Гази нурафкан» номидаанд. Қаблан ба касе муяссар нагардида буд, ки ба воситаи  нурҳои ултрабунафш дохили ҷисми инсонро тамиз кунад, вале мутахассисони института тавонистанд роҳи ҳалли онро пайдо кунанд, менависад «РИА Новости».

Говердовский  изҳор намуд, ки олимон молекулаҳо ва ҷузъҳои газеро интихоб менамоянд, ки вақти нафаскашӣ  фаъол бошанд ва ҳангоми нафас гирифтан нурҳои ултрабунафшро бевосита ба шуш равона созанд. Директор ҳамчунин изҳори умед намуд, ки усули нав  имкон медиҳад на танҳо COVID-19, балки бемориҳои  сили шуш, саратони шуш ва бемориҳои дигар низ  табобат ёбанд.

30 май дар Россия нахустин доруи зидди коронавирус «Авифавир» аз ҷониби  Вазорати тандурустӣ маъқул ҳисобида шуд. Он аз ҷониби   бунёди Россиягии сармоягузории мустақим  ва «Химрар» истеҳсол мегардад. Номи тиҷоратии дору «Авифавир» буда, «Фавипиравир» номи байналмилалии бидуни иҷозатномаи ӯст.

Қаблан, худи ҳамон рӯз директори генералии маркази «Вектор» Ринат Максютов эълон намуд, ки ваксинаро бар зидди коронавирус   таҳия кардааст, ки аз  он ба тарзи чакондан ба бинӣ метавон истифода кард. Дар маҷмӯъ, се давои умедбахш дар муқовимат ба коронавирус эҷод шудаанд. Охири моҳи июн озмоиши доруҳо оғоз ёфта, моҳи сентябр ба итмом мерасанд.

АКС  аз  «ИЗВЕСТИЯ», Павел Бедняков

Июнь 2, 2020 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон