Сафорати Тоҷикистон дар Россия: Баруйхатгирии шаҳрвандон барои баргаштан ба Ватан тибқи талаботи муайяншуда анҷом дода мешавад

Июнь 20, 2020 10:11

ДУШАНБЕ, 20.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июни соли 2020 барои марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои ватании «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» ба самти шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия ва аз ин шаҳрҳо ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.

Сафорати Тоҷикистон дар Россия таъкид медорад, ки баруйхатгирии шаҳрвандон барои баргаштан ба Тоҷикистон тибқи талаботи муайяншуда, тавассути комиссияи дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия амалкунанда анҷом дода мешавад.

Дар бораи парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба таваҷҷуҳи ҳамватанон маълумоти иловагиро пешниҳод менамояд.

Дар ин росто, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки маълумот дар бораи рӯзи парвозҳо ва аз куҷо харидани билети ҳавопаймо, пас аз тартиб додани руйхати мусофирон эълон мегардад.

Тартиб додани руйхат тибқи муроҷиати шаҳрвандон ба суроғаи электронии charter-russia@mfa.tj сурат мегирад.

Нархи билетҳо аз тарафи ширкатҳои ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” муайян гардида, фурӯши билетҳоро низ, он ширкатҳо таъмин менамоянд. Дар ин бора шаҳрвандон огоҳ карда мешаванд.

«Бинобар ин, аз ҳамватанон изҳори хоҳиш мегардад, ки фирефтаи қаллобон ва дигар шахсони ғаразнок нашуда, аз ягон нафаре билети ҳавопаймо нахаранд», — таъкид намуданд дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия.

Ба шахсоне, ки тибқи рӯйхат, бояд билети ҳавопаймо харидорӣ намоянд, аз тарафи комиссия бо онҳо шахсан тамос гирифта, маълумот дода мешавад.

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бори дигар огоҳ менамояд, ки дигар намуди фурӯши билети ҳавопаймоҳо пешбинӣ нагардидааст.

Ҳамчунин, масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазам ва таъмини рафтуомади шаҳрвандон, ки аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ вобастагӣ дорад, мавриди баррасии ҳамаи кишварҳо қарор дорад ва ба маҳзи фароҳам шудани чунин имкониятҳо, маълумот иловагӣ дода мешавад.

Июнь 20, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд