Санаи бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ маълум шуд

Июнь 19, 2020 15:16

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ,     баргузор мешаванд. Рӯзи   20 июн, дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и Душанбе  бо «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан бозӣ мекунанд. 21 июн  бошад,   дастаҳои  «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Душанбе-83»-и Душанбе  бо «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва КМВА бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат мекунанд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Хатлон» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Умарҷон   Шарипов, 70.

17 июн. Бохтар. Варзишгоҳи  «Пахтакор».

«Куктош» – «Локомотив-Памир» – 1:0

Гол: Муҳсинҷон  Абдуғаффоров, 35.

17 июн. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи  «Нефтяник».

Хотиррасон  мешавем, ки 16 июни соли равон, дар доираи рақобатҳои даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ якбора се вохӯрӣ баргузор шуд. Бозии асосии ин давр вохӯрии дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода ва  «Истиқлол»-и Душанбе ба шумор мерафт, ки бозии мазкур бо натиҷаи калони 6:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол»-и Душанбе хотима ёфт.

Рақобати дигар байни дастаҳои футболи  «Истаравшан» ва «Хуҷанд»-и Хӯҷанд бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд. Дар ин майдондорӣ футболбозони шаҳри  «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 аз дастаи рақиб мағлуб гардиданд. Вохӯрии дигар бошад, миёни дастаҳои КМВА ва «Файзканд»  доир шуд. Ин дидори ҷолбу диданӣ  бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҳамакнун бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон, чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам карда шуд. Ҳамин тариқ, ҳар даста то охири мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 1:6

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 28 (0:1). Шериддин Бобоев, 36 (0:2). Оятулло Сафаров, 60 (1:2). Алишер Ҷалилов, 61 (1:3). Ваҳит Оразсахедов, 76 (1:4). Муҳаммаҷон Раҳимов, 78 (1:5). Рустам Соиров, 87 (1:6).

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (1:0). Амирҷон Сафаров, 62 (1:1). Ойбек Абдуғаффоров, 78 – аз пеналти (1:2).

КМВА – «Файзканд» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 57 (1:0). Фахриддин Сафарзода, 72 (1:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Файзканд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Абдуқаҳор Қодиров, 45+1 (0:1). Ҷасур Қурбонов, 61 (1:1). Анвар Муродов, 67 (2:1).

«Истиқлол» – «Куктош» – 6:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Рустам Соиров, 61 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (3:0). Холмурод Назаров, 69 – (худгол) (4:0). Холмурод Назаров, 81 (4:1). Рустам Соиров, 82 (5:1). Рустам Соиров, 90+3 (6:1).

«Локомотив-Памир» – «Хатлон» – 2:3

Голҳо: Худойдод Узоқов, 30 (0:1). Худойдод Узоқов, 38 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 59 (1:2). Худойдод Узоқов, 67 (1:3). Шаҳром Сулаймонов, 82 (2:3).

 «Душанбе-83» – КМВА – 2:1

Голҳо: Хуршед Абдуллоев, 8 (1:0). Хуршед Абдуллоев, 84 (2:0). Фирӯз Бобиев, 88 (2:1).

Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1.

Голҳо: Диловаршо Ганиев, 22 (0:1). Санҷар Рихсибоев, 24 (1:1). Дилшод Бозоров 42 (2:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

  Ҷ       ДАСТАҲО Б Ғ М Б
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 4 1 0 23-4 13
2 «Хатлон» (Бохтар) 5 4 1 0 11-7 13
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 3 1 1 10-7 10
4 «Файзканд» (Восеъ) 5 2 3 0 8-6 9
5 «Куктош» (Рӯдакӯ) 5 2 2 1 6-7 8
6 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 5 1 1 3 6-9 4
7 КМВА (Душанбе) 5 1 1 3 6-9 4
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 1 1 3 8-12 4
9 «Душанбе-83» (Душанбе) 5 1 1 3 2-10 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 5 0 0 5 4-13 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Худойдод Узоқов («Хатлон») Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол») – 4 тӯб,  Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)  Илҳом Баротов («Истаравшан»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) 3-тӯбӣ.

Июнь 19, 2020 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад