Сарбозони Тоҷикистон барои иштирок дар гузашти низомӣ ба Москва парвоз карданд

Июнь 12, 2020 16:34

ДУШАНБЕ, 12.06.2020 АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сарбозони артиши Тоҷикистон  барои иштирок дар гузашти низомӣ ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки қарор аст 24 июн дар пойтахти Россия баргузор шавад, вориди Маскав шуданд. Дар ин бора  роҳбари  Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба  АМИТ «Ховар» хабар дод.

«75 нафар сарбозон аз Тоҷикистон, аз ҷумла курсантҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати  мудофиа, афсарон ва сарбозони  баталйони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  ба Москва фиристонда шуданд», — гуфт Маҳмадализода.

Алакай фардо, 13 июн,  сарбозони тоҷик дар қатори дигар иштирокчиён омодагиҳои худро барои гузашти низомӣ оғоз хоҳанд намуд. Фармондеҳи ин гурӯҳи низомиёни Тоҷикистон подполковник Файзимуҳаммад Ҳафиззода таъйин шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, омодагӣ ба гузашти низомӣ бо рияои чораҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.

Хотиррасон мешаваем, ки дар аввали моҳи июн АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  корҳои хориҷии  Тоҷикистон  хабар дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 24 июн дар шаҳри Москва  баргузор мешавад,  ширкат хоҳанд кард.

Июнь 12, 2020 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд