Сарбозони Тоҷикистон барои иштирок дар гузашти низомӣ ба Москва парвоз карданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2020 АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сарбозони артиши Тоҷикистон барои иштирок дар гузашти низомӣ ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки қарор аст 24 июн дар пойтахти Россия баргузор шавад, вориди Маскав шуданд. Дар ин бора роҳбари Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
«75 нафар сарбозон аз Тоҷикистон, аз ҷумла курсантҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, афсарон ва сарбозони баталйони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба Москва фиристонда шуданд», — гуфт Маҳмадализода.
Алакай фардо, 13 июн, сарбозони тоҷик дар қатори дигар иштирокчиён омодагиҳои худро барои гузашти низомӣ оғоз хоҳанд намуд. Фармондеҳи ин гурӯҳи низомиёни Тоҷикистон подполковник Файзимуҳаммад Ҳафиззода таъйин шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, омодагӣ ба гузашти низомӣ бо рияои чораҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.
Хотиррасон мешаваем, ки дар аввали моҳи июн АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 24 июн дар шаҳри Москва баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






