Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз анборҳои махсуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ» дидан намуд
ДУШАНБЕ, 02.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 1 июн аз анборҳои махсуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар анборҳои муассисаи мазкур кумаки башардӯстонае, ки ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави Covid–19 аз ҷониби Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 35 ташкилоту ширкатҳо ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, мавҷуд буда, дар маҷмӯъ 340 номгӯй маводи муҳофизатӣ, безараркунанда ва лабораториро дар бар мегиранд.
Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки то кунун қисми зиёди маводи зикршуда ҷиҳати таъмин намудани шароити мусоид ба табибон ва нафароне, ки бо карантини муваққатӣ фаро гирифта шудаанд ва инчунин бемороне, ки дар муассисаҳои табобатӣ таҳти муолиҷа қарор доранд, тақсим карда шудаанд.
Инчунин маводи тиббӣ ба як зумра муассисаҳои табобатӣ ва осоишгоҳҳо дастрас гардида, минбаъд низ тибқи талабот маводи боқимонда ба муассисаҳои табобатӣ тақсим карда мешаванд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






