САВГАНД БА ВАТАН: Чорабинӣ дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ Ховар/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросим ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозон ширкат карданд. Ба сабаби бемории коронавирус имсол аз даъвати волидайну пайвандон, хонандагони мактабҳо ва дӯстони наваскарон худдорӣ карда шуд. Маросими қабули савганди ҳарбии наваскарон бо иштироки сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Баҳром Додиён баргузор гардид.
Маросим бо хондани суруди миллӣ оғоз шуда, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Баҳром Додиён ҳайати шахсӣ ва наваскаронро ба муносибати рўзи қабули савганди ҳарбӣ муборакбод намуда, табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Полковник Б.Додиён зикр намуд, ки «Ин рӯз дар ҳаёти ҳар кадоми шумо, наваскарони муҳтарам, рўзи фаромўшнашаванда хоҳад буд. Вуруд ба остонаи ин мактаби шуҷоат ва мардонагӣ бояд ифтихор бошад. Хизмати ҳарбӣ мактабест, ки ҷавононро то ба мардони шуҷоъ тарбия менамояд. Шумо зарфи ин сол ҳама қоидаву қонунҳои хизмат карданро меомӯзед. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҷавонмард қарзи шаҳрвандист, ки бояд адо кунад. Вале дар хизмат шумо касбу кор меомӯзед, низоми ҳарбӣ меомӯзед, бо силоҳу аслиҳаҳои гуногун шинос мешавед. Ин ду сол, бешак, мактаби хубе хоҳад буд, ки шуморо ба камолоти маънавӣ мерасонад».
Баҳром Додиён аз таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарф зада, он нуктаро ёдовар шуд, ки аввалин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси артиши миллӣ буд, чун Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар наметавонист бе артиши қавии худ арзи вуҷуд кунад. Пешвои миллат артишро рукни муҳими Истиқлоли мамлакат медонанд.
Сипас, наваскарон тантанавор савганди садоқат ба Ватан ёд карданд. Дар маросим баробари сарбозону афсарони қисми низомӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, подполковник Абдусамад Шарифов иштирок дошт.
Маросими савгандёдкунӣ бо сафороӣ, қадамзании ҳарбӣ ва барномаи фарҳангӣ ба поён расид.








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






