Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 03.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 2 июни соли равон 237 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор медорад.
Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати таъмини шароит барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади убури бемамониати сарҳад сипоси беандоза баён менамояд.








Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд






