Шумораи зангҳо ба рақами кӯтоҳи 311 ва 511 коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир шумораи зангҳо ба рақами кӯтоҳи 311 ва 511 рӯ ба камшавӣ аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, агар қаблан танҳо дар як шабонарӯз ба телефони боварии 311 беш аз 2 ҳазор занги телефонӣ қабул мешуд, ҳоло бошад, ин рақам ба 489 расидааст.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади мубориза бар зидди бемории сироятии COVID -19 ва табобати сироятёфтагон ду маркази машваратии тиббии боварӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти рақами кӯтоҳи 311 ва 511 фаъол гардиданд. Телефони боварии 511 моҳи март ва рақами 311 пас аз тасдиқ шудани ҳолати бақайдгирии коронавирус 5 майи соли равон ба фаъолият оғоз намуданд. Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз шумораи зиёди мардум ба ин рақамҳо занг зада, доир ба бемории COVID-19 ба саволҳои худ посух гирифтанд. Ин рақамҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, дар он мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ба кор ҷалб шудаанд.
Бояд гуфт, ки коҳиш ёфтани муроҷиати шаҳрвандони мамлакат ба телефонҳои боварии 511 ва 311 гувоҳи он аст, ки дар ҷумҳурӣ шумораи гирифторон ба COVID-19 коҳиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки то 18 июн 5279 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин шумора то кунун 3762 (71.2%) нафар шифо ёфта, 51 нафар фавтидаанд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






