Сироҷиддин Муҳриддин дар машварати видеоии вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИА иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар машварати видеоии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар машварат ҷонибҳо ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар мавриди паёмадҳои бемории ҳамагири COVID-19, вазъи ҷаҳон ва самтҳои татбиқи талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мунтазами Ситоди ҷумҳуриявӣ ва қабули нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиши таъсири эҳтимолии COVID-19 ба иқтисодиётро арз намуда, аҳаммияти татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати вокуниш ба буҳрони имрӯза ва сафарбарсозии манбаъҳои иловагӣ барои бартараф намудани паёмадҳои он дар минтақаро таъкид намуд.
Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл нақши Стратегияи нави Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027-ро, ки ҳафтаи сипарӣ қабул шудааст, ҷиҳати густариши муносибатҳо дар заминаҳои гуногун ва ҳамкорӣ дар бартарафсозии паёмадҳои COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои муҳим арзёбӣ намуд.
Мусоҳибон бо ситоиш аз дастгирии мутақобили ҳукуматҳо дар расонидани кумакҳои башардӯстона қайд намуданд, ки муборизаи дастаҷамъона бо дарназардошти равандҳои ҳамгироӣ ва пайвандҳои маҳками иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа пас аз бастани марзҳо, ки ба хотири пешгирии беморӣ сурат гирифт, саривақтӣ мебошад.
Дар амри таъмини сулҳу субот ва беҳтар гардидани вазъи амниятӣ дар Афғонистон татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ ва нақлиётии минтақавӣ муҳим дониста шуд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои омодагӣ ба нишастҳои навбатӣ дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, раванди татбиқи тарҳҳои муштараки авлавиятнок, рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.
Акс аз ВКХ ҶТ








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






