ТАҚДИМИ МОШИНҲОИ ХИДМАТӢ БА ҲИЗБИЁН. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Қубодиён ва Носири Хусрав соҳиби нақлиёти хизматӣ гардиданд

Июнь 15, 2020 11:27

ДУШАНБЕ, 15.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 ва 12 июн муовини Раиси Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон (ҲХДТ) Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва аъзои гурӯҳи корӣ аз кумитаи марказии ҳизб зимни сафар ба ноҳияҳои Қубодиён ва Носири Хусрав бо шароити кории кумитаҳои иҷроия ва якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, низоми коргузорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, муросилоти почтавӣ, нақшаи баргузории аксия ва ташаббусҳои ҳизбиён шинос шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, Асрор Латифзода аз фаъолияти кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳарду ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро муваззаф кард, ки бо мақсади истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои созандаи ҳизб бештар кӯшиш кунанд.

Бо мақсади густурдатар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, хусусан, дар деҳотҷойҳои дурдаст ба роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Қубодиён мошини хидматии тамғаи «Tayota Corolla» ва ба Носири Хусрав «Opel Frontera» тақдим карда шуд.

«Дар ноҳияи мо деҳаҳои аз марказ дур зиёданд, – иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарифзода.  – Чорабиниҳои ба манфиати халқ нигаронидашудаи ҳизбиямон низ кам нестанд, аммо барои тез-тез ба он мавзеъҳо рафтан мушкилоти қобили мулоҳиза пеш меомад. Акнун ки соҳиби автомашина шудем, бовар дорем, боз ҳам беҳтар фаъолият карда метавонем. Барои ин туҳфа, пеш аз ҳама, аз Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем!».

Иқдоми мазкур тайи ду соли охир ҷараёни тоза гирифта, дар муддати кутоҳ кумитаҳои иҷроияи 17 шаҳру ноҳия бо автомашинаҳои гуногунтамға аз қабили «Mercedes Benz», «Hyundai Tucson», «Chevrolet Cruze», «Lacetti Cruze», «Opel», «Нива» ва ғайрҳо аз ҳисоби маблағҳои дохилии сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон харидорӣ гардиданд. Феълан ба ғайр аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дигар ҳамаи сохторҳои ҳизбӣ соҳиби автомашинаҳои хидматӣ шудаанд.

Боиси зикр аст, ки дар самти таъмини шароити мусоиди корӣ аз соли 2018 то имрӯз дар 16 шаҳру ноҳия биноҳои нави ҳизбӣ сохта ба истифода дода шуданд.

«Бинои мо соли 2014 сохта шуда, бо ҳама шароити зарурии фаъолият таъмин гардидааст. – зикр кард раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Сурайё Ализода. – Ин боиси он гардидааст, ки мо дар ҳуҷраҳои тозаю озода корамонро мувофиқи мақсад ба роҳ монда, бо истифода аз дастуру маслиҳатҳои методии роҳбарияти болоии ҳизб саҳми худро дар пешрафти ноҳия ва вилоятамон гузорем».

Айни замон сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Вахш, Панҷ ва Восеъ бомаром идома дошта, дар назар аст, ки то охири соли равон ба истифода дода шаванд. Иншоотҳои мазкур аз ҳисоби кумитаҳои иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ ва саҳмгузории аъзои фаъоли ҳизб ва соҳибкорон сохта шуда истодаанд.

А. Латифзода ин ободкориҳоро аз дастгирии ҳамешагии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда, зимни вохӯриҳо ҳамагонро талқин кард, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо аз таҳти дил бо дасту дили пок меҳнат карда, дар ободии як гӯшаи диёр саҳм гузоранд ва ба ин васила худро ҳамчун аъзои сазовори ҲХДТ муаррифӣ кунанд.

Боздиду вохӯриҳои ҳайати кории дастгоҳи марказии ҲХДТ таҳти роҳбарии муовини Раиси ҳизб Асрор Латифзода дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон идома доранд.

Июнь 15, 2020 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст