Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2020 бо дастаҳои мунтахаби Қатар, Малайзия ва Яман рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 миёни футболбозони ҷавонони то 19 сола доир шуд. Дар ин қуръакашӣ дастаи мунтахаби то 19 солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи «D» шуда, бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Қатар, Малайзия ва Яман рақобат мекунад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Маврид зикр аст, ки Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони ҷавонони то 19 сола аз 14 то 31 октябри соли равон, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мегардад. Хотиррасон мекунем, ки 4 дастаи беҳтарини мусобиқоти мазкур барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2021, ки баргузориаш дар давлати Индонезия дар назар аст, роҳхат мегиранд.








Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад






