Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2020 бо дастаҳои мунтахаби Қатар, Малайзия ва Яман рақобат мекунад

Июнь 18, 2020 16:48

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18  июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 миёни футболбозони ҷавонони  то 19 сола доир шуд. Дар ин қуръакашӣ дастаи  мунтахаби то 19 солаи  Тоҷикистон   шомили гурӯҳи «D» шуда, бо дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 19 солаи   Қатар, Малайзия ва Яман рақобат мекунад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Маврид зикр аст, ки Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони ҷавонони то 19 сола  аз 14  то 31  октябри соли равон, дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон доир мегардад. Хотиррасон мекунем, ки 4 дастаи беҳтарини мусобиқоти мазкур барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2021, ки баргузориаш дар  давлати Индонезия дар назар аст, роҳхат мегиранд.

Июнь 18, 2020 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад