«Ваҳдату субот — омили рушди сайёҳӣ». Таҳти ин унвон дар Турсунзода ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода, ки бо номи ангурбоғи деҳқони асил Ҳоҷӣ Камол машҳур аст, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдату субот — омили рушди сайёҳӣ» ҳамоиш доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади омодагӣ ба мавсими сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ҷалби субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, масъулини сохторҳои марбути соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат доштанд.
Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода дар бораи дастовардҳои назарраси соҳаи сайёҳии кишвар, ки бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, маълумот дод.
Тазаккур дода шуд, ки мақсад аз рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ин ташкил намудани саноати сайёҳии фоидаовар тавассути даромади маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав дар соҳаҳои иқтисодии ба сайёҳӣ марбута мебошад.
Яке аз намудҳои ояндадори сайёҳӣ дар Тоҷикистон агротуризм мебошад, ки дар ҳоли рушд қарор дорад. Имрӯз дар ҷумҳурии мо таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ афзудааст, зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззат, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулот заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.
Яке аз афзалиятҳои дигар барои рушди сайёҳии аграрӣ дар мамлакат таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ мебошад. Намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои «Сада», «Меҳргон», идҳои «Харбуза ва асал», эълон намудани Иди ангур ва Иди себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Турсунзода табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, боғҳои ангур ва дигар меваҳо, растаниву чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр мавриди истифода қарор гиранд. Бахусус, рушди соҳаи сайёҳии эко-аграрӣ, пиёдагардии куҳӣ, шикор, таърихию фарҳангӣ барои шаҳри Турсунзода хос мебошад.
Бо назардошти ташкили боғоти намунавии ангур ва парвариши навъҳои беҳтарин дар баробари меҳмонони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои расмии хориҷӣ сайёҳони дохилию хориҷи аз боғҳои ангури ин минтақа дидан мекунанд ва он ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ мегарданд.
Ғайр аз ин шаҳри Турсунзода дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию фароғатие мебошад, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.
Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳр-хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», фермаи «Оҳуи холдор» воқеъ дар базаи хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», боғи таърихӣ — табиии «Ширкент», саёҳати кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи «Ширкент», деҳаи қадимаи кӯҳии «Пашми куҳна» дорои табиати нотакрор дар дараи «Ширкент» мебошанд. Инчунин, дар шаҳр бештар аз 20 адад муассисаҳои истироҳативу солимгардонӣ, аз ҷумла, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Табибон», «Шифо», «Эдем Аква», «Азиза», «Муфид» ва дигарон амал менамоянд.
Инчунин, имкониятҳои мавзеъҳои Патру, дараи Ҳакимӣ, Париён ва кӯли Темурдара аз мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби минтақа ба ҳисоб мераванд.








Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст






