Вазорати корҳои дохилӣ: Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад
ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ Ховар/. Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақа қонуншиканиро дар самти дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани он бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумор ба қайд гирифта, дар баробари тартиб додани якчанд санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 6 ҳолати ҷиноятӣ низ ошкор намуданд. Ин амал сабаби дар асоси моддаи 230-и Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Аз гумонбаршудаҳо, ки дар минтақаҳои гуногуни обанбори «Баҳри тоҷик»- ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом ва Ашт, дар мавзеъҳои тухмгузорӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд навъҳои гуногуни моҳӣ ва тӯри моҳидорию заврақ мусодира шудааст.
Қонуншиканҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Б.Ғафуров ва Ашт мебошанд, ки асосан дар мавзеи обанбори «Баҳри тоҷик» тӯр гузошта, кирдорҳои худро шабона содир менамуданд. Чунин ҳаракатҳои харобиовар ба захира ва афзоиши моҳӣ таъсири манфӣ расонда, саршумори онро ба нобудшавӣ мебарад.
Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумори он қонуни ҷиноятӣ ва ҳам маъмурии Тоҷикистон манъ намуда, риоя накардани чунин маҳдудият метавонад сабаби ҷавобгарӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки давраи тухмгузории моҳӣ аз 1 апрел фаро расида, то 15 июн идома меёбад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






