Ҳамкории дуҷонибаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июнь 16, 2020 14:25

ДУШАНБЕ, 16.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. 15 июни соли ҷорӣ  мулоқоти мустақими  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрӯ Ҷабборзода бо  роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсон доир гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории вазорат  ва Иттиҳоди Аврупоро, аз ҷумла раванди амалӣ гардидани лоиҳаҳо, ки ба тақвияти таҳсилоти ибтидоии касби, муҳоҷират ва шуғли аҳоли равона гардидаанд, баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар робита ба ин, ҷонибҳо барои тақвияти фаъолиятҳои муштарак дар самти  коҳиш додани паёмадҳои пандемияи COVID-19 ба бозори меҳнат ва муҳоҷират ба мувофиқа расиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбари Намояндагӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа: стратегияҳо, барномаҳои дахлдор ва таҳкими неруи вазорат ибрози омодагӣ карда шуд.

Дар ҷараёни суҳбат Гулрӯ Ҷабборзода  аз татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар  самтҳои гуногуни вазорат  изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот масъалаҳои дигари рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла   кумакҳои  техникӣ дар самти  муҳоҷират ва ба касбомузӣ фаро гирифтани ҷавонон, инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ муҳокима гардиданд.

Дар интиҳои суҳбат ҳамчунин масъалаҳои марбута  ва дигар мавзӯҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Июнь 16, 2020 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд