18 июл дар Душанбе Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал баргузор мешавад

Июль 8, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.   18  июл,  соати 14:00  дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози шаҳри Душанбе бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид  ба футзал     баргузор мешавад. Барои соҳиб шудани ҷоизаи мазкур  дастаҳои футболи  «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе  ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунанд. Бозӣ мазкур бидуни мухлис доир мешавад. Дар ин бора мудири шуъбаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев ба шореҳи варзишӣ  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  дод.

Ба иттилои номбурда, мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 21 июли соли равон оғоз мешавад. Барои ба даст овардани нишонҳо шаш дастаи мамлакат талош мекунанд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал:

18 июл (шанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд)

Макони бозӣ: маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Июль 8, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд