ГУЛЗОРИ ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН. То соли 2021 «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», корхонае, ки аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст, ба истифода дода мешавад

Июль 22, 2020 14:57

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мурод аз эълони ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз мамлакати аграрию саноатӣ ба  кишвари тараққикардаи  саноатию аграрӣ табдил додани кишвар – тавассути бунёди инфрасохтори зарурӣ ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот мебошад. Дар омади гап, ҳукумати шуравии собиқ низ пеши худ чунин мақсад гузошта буд, вале тарзи «бапалнгирии» муносибат ба  масъалаи рушди деҳот бахусус дар ҷамоҳири Осиёи Миёна  натиҷаи дилхоҳ надод. Баръакс, аксар деҳоти ин минтақа  валангор гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати  чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатии кишвар собит намуд, ки ҳадафи мазкур иҷрошаванда аст. Ба ин симои имрӯзаи деҳоти ноҳияи Данғара далели равшан метавонад буд.  

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара  сохтмони  зиёда аз 372  адад иншооти таъйиноти гуногун   ба нақша гирифта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти сохташаванда 153 адади он алакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Рӯзҳои наздик 33 иншооти дигари ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд. То моҳи сентябри соли  2021 бунёди боз  93 адад иншоот  пешбинӣ  шудааст. Ҳамчунин мумфаршкунии 184 км роҳҳои ноҳия дар назар дошта шудааст ва то имрӯз дар  зиёда аз 94 км-и он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.

Тавре масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 371 иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ бунёдшаванда 38 адад ба соҳаи маориф, 70 адад ба соҳаи тандурустӣ, 8 адад ба соҳаи фарҳанг, 35 адади он ба  соҳаи варзиш рост омада, инчунин сохтмони 14 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре огаҳӣ дорем,  бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат  ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани  ҷашни бузурги миллӣ   гурӯҳҳои кории  ҳукуматӣ таъсис дода, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста карда  шудаанд. Дар ноҳияи Данғара роҳбарии гурӯҳи кориро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар ин ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.

Ифтитоҳи 20 иншоот бо иштироки Пешвои миллат

Ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти  давлатӣ  бо иштироки Сарвари давлат дар ноҳияи Данғара 20 иншоот, аз ҷумла рамзи ноҳия, майдончаи варзиш бо ҷойи бозии кӯдакон, корхонаи коркарди шир ва маркази хизматрасонӣ,   Қасри  фарҳанг дар шаҳраки Данғара, литсейи касбҳои техникӣ барои 320 нафар толибилм дар деҳоти Баҳор, ду муассисаи таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст дар деҳаҳои Розиён ва Баҳор, хобгоҳи литсей бо 100 ҷойи хоб, 4 километр роҳи асфалтпӯшгардидаи деҳаи Баҳор, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Корез ва Лоҳур, бинои Кумитаи давлатии идораи замини ноҳия ва маркази саломатӣ дар деҳаи Рахшонзамин ба истифода супорида шуданд.

Баъди ифтитоҳи  иншооти  мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри тозабунёди фарҳанг бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара  мулоқоти самимӣ доир карданд.  Сарвари давлат дар ин мулоқот  бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки аксари иншооти таъйиноти гуногуни дар ноҳия ва деҳаҳои Данғара бунёдшуда гувоҳи равшани дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ обод гардидани боз як гӯшаи Ватанамон, бо шуғл таъмин намудани сокинон ва дастҷамъона амалӣ кардани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба истиқболи 30-солагии  Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Президенти мамлакат ба фарзандони бонангу номус ва соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия барои иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаашон дар ҷодаи ободонии ин гӯшаи диёр сипосу миннатдории самимӣ баён карданд.

Рамзи «Хӯшаи гандум» 

Ин рамз 12 сентябри соли 2019 бо иштироки  Сарвари давлат  ифтитоҳ гардидааст. Сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи  хӯшаи он  10 метрро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии рамз соли таъсис ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Ноҳияи Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешқадам мебошад. Ҳамасола аз заминҳои ҳосилхези ноҳияи Данғара ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол карда мешавад. Маҳз ба ин хотир рамзи «Хӯшаи гандум» ба истифода дода шуд ва қомат афрохтани он дар даромадгоҳи ноҳия нишона аз фаровонии ин номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мебошад.

Қасри фарҳанги Данғара

Ин бинои фарҳангӣ  11 сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат кушода ва мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур дорои муосиртарин имконот барои фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия мебошад. Дар вақти бунёди бино сохтмончиён тамоми қоидаҳову талаботи меъёрҳои меъморию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Ҳамин аст, ки аз рӯи ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, бунёди дару девор бо сангҳои ороишии ватанӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, оинабандӣ, Қасри фарҳанг хеле дилкашу назаррабо гардидааст. Иншооти мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар Қасри фарҳанг осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Дар таҳхонаи бино либосхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҳуҷраи бойгонии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, толори фитнес, ҳуҷраи таҷҳизоти варзишӣ ҷой дода шудаанд. Нигористон, толори рақси миллӣ, анбори асбоби мусиқӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон барои 12 нафар, синфхонаи асбоби зарбӣ, толори омӯзиши ҳамаи асбоби мусиқӣ, ҳуҷраи муаллимон бо 20 ҷойи нишаст, синфхонаи мусиқӣ барои 20 нафар, маҳфили пазандагии духтарона ва писарона, 2 ҳуҷраи ороишии санъаткорон, дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир карда шудаанд. Ба хотири таъмини шароити созгори адибон дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Толори Қасри фарҳанг бо монитори калони электронӣ, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшаннамоии саҳна таъмин мебошад.

«Ҷунтай-Данғара» — бузургтарин корхона дар деҳоти Осиёи Миёна

Бахшида ба ҷашни миллӣ  дар ноҳия  бунёди 14 корхонаи истеҳсолӣ, ки ба муҳайё намудани садҳо ҷойи нави корӣ мусоидат менамоянд, ба нақша гирифта шудааст. Айни замон  корҳои сохтмонии 10 корхонаи саноатӣ  бомаром идома доранд.

Яке аз онҳо Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»   мебошад, ки аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир  буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд гардида, дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Швейтсария, Германия ва Чин васлу насб гардидааст.

Бояд гуфт, ки  дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати  якум ва дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Тибқи маълумот, корхонаи мазкур дар муддати ду соли охир ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст. Корхона дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.

Корхонаи коркарди шир   

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад.

Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд  шуда, дар он 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки оянда аз тарафи соҳибкор фермаи чорвои калони шохдор бунёд карда мешавад. Бо ин мақсад 100 сар говҳои зотӣ ворид карда хоҳанд шуд. Ҳамзамон бунёду ба истифода додани корхонаҳои хурди истеҳсоли яхмос, коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасиб ба нақша гирифта шудааст.

«Фарм-Текс» — калонтарин корхонаи истеҳсоли маводи тиббӣ дар деҳоти Тоҷикистон

Корхонаи ҶДММ «Фарм-Текс»-и ноҳияи Данғара, ки 5 ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд, дар ду баст то 15 ҳазор ниқобҳои чандкаратаи тиббӣ ва 1000 тампон дар як рӯз истеҳсол мекунад.

Корхона  ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва антисептикҳо шурӯъ намуда, то имрӯз беш аз 1 миллиону 350 ҳазор ниқобҳои тиббӣ ва 420 ҳазор шиша маҳлули антисептикӣ истеҳсол кардааст.

Маҳсулоти корхона ҳамарӯза ба муассисаҳои тиббӣ,  дорухонаҳои мамлакат ва корхонаҳои давлатӣ, инчунин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳвил карда мешавад.

ҶДММ «Фарм-Текс»  асосан маҳсулоти тиббӣ, косметикӣ ва гигиенаи шахсӣ истеҳсол намуда, дар як шабонарӯз 2 ҳазор кило пахта коркард мекунад.

Айни замон дар корхона 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ кор мекунанд.

Бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ  

То  ҷашни  миллӣ дар  дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳия бузургтарин дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон  фабрикаи парандапарварӣ ба истифода  дода мешавад. Мувофиқи лоиҳаи ин комплекси муҳташами парандапарварӣ, дар ин ҷо 24 бинои мурғхона — ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад. Ҳоло дар минтақаи мазкур  корҳои сохтмонии  12 мурғхона бомаром  идома  дорад. Роҳбарияти  корхонаи мазкур бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат бо гӯшти болаззати парҳезӣ дар шаҳри Душанбе бунёди бинои салоҳхонаи фабрика барои забҳи парандаро  ба нақша гирифтааст.

Фабрикаи парандапарварӣ яке аз  калонтарин  иншооти ҷашнӣ маҳсуб ёфта, самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур  истеҳсоли гӯшти парандаи зотӣ (Бройлер) мебошад. Иқтидори истеҳсолии  корхонаи парандапарварӣ  дар як сол зиёда  аз 5140 тонна гӯшти парҳезиро ташкил дода, тибқи лоиҳа, дар дохили он  2 сардхонаи муосир барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр бо ғунҷоиши 1 ҳазору 200 тонна гӯшт сохта мешавад. Маҷмааи парандапарварӣ аз 30 иншоот, аз ҷумла биноҳои мурғхонаҳо, инкубаторӣ, анбор, санитарӣ, маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварӣ дар он 270 нафар ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт.

Пушинг: таҳаввулот аз деҳа то шаҳрак   

Деҳоти Пушинг аз ҷумлаи мавзеъҳои бисёр бостонӣ  буда, дар асари “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров ин мавзеъ ба сифати як гӯшаи қадимаи Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни таърихӣ борҳо зикр шудааст.

Соли 1954 Пушинг аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёт қарор гирифта, баъди таҳқиқоти илмӣ аз дохили гаҳворасангҳои деҳа ба миқдори зиёд тангаҳои тиллоии мансуб ба замони Кушониён бо акси шоҳ ёфт шудаанд.

Деҳоти Пушинг соли 1932 таъсис ёфта, ҳоло аз 8 деҳа — Пушинг, Паркамчӣ, Ғиҷовак, Алиҷон, Моҳпора, Дилнишин, Шаршар, Олучадара иборат мебошад ва дар ҳудуди он қариб 15 000 нафар аҳолӣ кору зиндагӣ дорад.

Имрӯзҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара  якҷо бо соҳибкорони ватандӯсти деҳоти Пушинг  мувофиқи нақша бунёд ва таъмиру навсозии беш аз 300 иншооти таъйиноти гуногунро оғоз карда, аллакай сохтмони зиёда аз 60 иншоотро ба анҷом расонидаанд. Сокинони деҳоти Пушинг дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки деҳаи хушманзарашонро дар зарфи ду соли оянда бо заҳмати дастҷамъона ба шаҳраки ободу зебои муосир табдил диҳанд.

Бинобар ин, ҳоло бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва фарзандони ватандӯсти деҳот ва ноҳия бунёди боз садҳо иншооти дигар босуръат идома дорад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи ин нақшаҳои ободонӣ бо қувваи худи мардуми деҳот ва бидуни ҷалби маблағҳои буҷетӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар Пушинг бо  заҳмати ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони ҳимматбаланди деҳа муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, таваллудхона, гулгашти зебое, ки дар шафати он бунёд шудааст ва майдончаи муосири варзишӣ  ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин роҳи мошингарди Данғара-Пушинг ба масофаи 18 километр ба истифода дода шуд. Ин роҳ  қариб 30 сол инҷониб  харобу валангор буд, бо дастури Роҳбари давлат аз ҷониби ширкати “Роҳи Тоҷик” мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пурра навсозӣ  гардид.

Роҳи Пушинг-Шаршар бо дарозии 3,5 километр аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ сангфарш гардида, мумфарш карда мешавад.

Дар баробари ин, кӯчаҳои марказӣ ва роҳҳои дохилии деҳаи Пушинг ба масофаи зиёда аз 16 километр мумфаршу чароғон гардида, дар атрофи онҳо ҳазорон бех дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудаанд.

Дар маркази деҳаи Пушинг мактаби ҳозиразамон барои 1520 нафар хонанда бо 30 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ ва толору майдончаи варзишӣ қомат афрохтааст, ки дар он барои таълиму тарбияи фарзандони сокинони деҳа шароиту имкониятҳои беҳтарин фароҳам оварда шудаанд.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорони саховатманди деҳа барои беҳсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба ҳамдеҳагони худ, пешгирӣ кардани бемориҳо ва коҳиш додани сатҳи фавти модару кӯдак маркази саломатӣ навсозӣ гардида, дар шафати он таваллудхонаи муосири муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст.

Бо иқдоми дастҷамъонаи сокинону соҳибкорон дар деҳа инчунин ҳавзи калони захираи об барои парвариши моҳӣ ва эҳтиёҷоти кишоварзӣ, ки дар маҷмӯъ, шаш гектарро ташкил дода, имкони то 400 гектар обёрӣ кардан дорад, давоми як сол навсозӣ шуда, дар он барои 10 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Бо дарназардошти он, ки сокинони деҳа беш аз сӣ сол инҷониб аз норасоии об танқисӣ мекашиданд, бо дастгириву маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳа панҷ чоҳи амудӣ ва ду обанбор бунёд шудааст, ки яке аз онҳо барои нигоҳдории оби ошомиданӣ ва дигаре ҳамчун ҳавзи моҳипарварӣ ва обёрии заминҳои кишоварзиву боғҳои деҳа истифода карда мешавад.

Бо мақсади дар тамоми фаслҳои сол бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ аз канали асосӣ ба масофаи 7,5 километр хатти оби ошомиданӣ кашида шуда, обанбор барои 500 метри мукааб бунёд гардидааст. Обёрии 500 гектар замини лалмии деҳа, парвариши дарахтони мевадиҳанда ба роҳ монда, барои минбаъд беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот сардхона бо ғунҷоиши 100 тонна маҳсулот бунёд карда шудааст. Раванди  корҳои ободонӣ дар дигар деҳоти Пушинг, аз ҷумла Дилнишин, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Алиҷон, Офтобрӯя, Шаршар, Олучадара ва Гули зиндон низ бомаром идома дошта, аз ҷониби соҳибкорону шахсони эҳсонкор мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва хатҳои оби нӯшокӣ сохта шудаанд.

Дар деҳаи Паркамчӣ бо иқдоми соҳибкорон мактаб ва таваллудхонаи муосир бунёд шуда, роҳҳои байни деҳа ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ азнавсозӣ гардидаанд. Дар деҳаи Ғиҷовак якуним километр роҳи дохилӣ мумфарш ва майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст. ар деҳаи Ғиҷовак якуним километр роҳи дохилӣ мумфарш ва майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло дар ин деҳа аз ҳисоби соҳибкорон сохтмони бинои панҷошёнаи маркази саломатӣ, истироҳатгоҳ ва дигар иншооти хизматрасонӣ идома дорад.

Дар деҳаҳои Дилнишин ва Моҳпора аз ҳисоби соҳибкорон бунёди мактабҳои дуошёна барои 480 ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар деҳаи Алиҷон кӯчаҳои маркази деҳа ба масофаи қариб панҷ километр асфалтпӯш гардидаааст ва сохтмони ҳаммому маркази хизматрасонӣ идома дорад. Ҳоло корҳои сохтмон дар иншооти боқимонда муташаккилона ва бо азму талоши ватандӯстонаи мардум идома доранд ва умед аст, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҳамаи нақшаҳои созандаи сокинони ноҳияи Данғара пурра амалӣ мегарданд.

Соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад

Соли гузашта ба ноҳияи Данғара беш аз  20 ҳазор нафар сайёҳи дохилӣ ва қариб 2 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ омада, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳия дидан намуданд. Сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ асосан аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳия, ба монанди Осорхонаи овони мактаббачагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи литсейи президентӣ, мавзеи «Хуррамшаҳр», мавзеи таърихӣ ва сайёҳии деҳаи Пушинг, Қасри фарҳанги ноҳия, Осорхона- мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, «Сангтӯда», мавзеи «Хуталон», Хоҷашақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, шаҳиди «Сари Қалъа», чашмаи «Нуқра» ва дигар мавзеъҳои дорои имкониятҳои сайёҳӣ дидан менамоянд. Айни замон дар ноҳияи Данғара 7 меҳмонхонаи замонавӣ, 6 мавзеи сайёҳӣ, 2 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 8 тарабхонаи муосир 2 осорхона, 26 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 22  маркази хизматрасонии бонкӣ, 2  мағозаи фурӯши армуғон, 4 зиёратгоҳ ва 1 боғи фарҳангию фароғатӣ мавҷуд мебошад. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳия растаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуд, ки айни замон ҳунармандон дар ин раста маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд.

Маҳз соли 2019 дар ноҳия 3 меҳмонхонаи замонавӣ, 2 тарабхонаи муосир, 1 ширкати сайёҳӣ бо номи «Хуталон» ва 1 мағозаи фурӯши армуғонҳо мавриди истифодаи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон клуби саёҳатчиён таъсис дода шудааст, ки аъзои он аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон дидан намуда, маводи тарғиботӣ гирдоварӣ намуданд.

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва рушди сайёҳӣ дар минтақа дар ноҳияи Данғара хатсайрҳои сайёҳии нав, назири  хатсайри сайёҳии Данғара-Пушинг таъсис дода шуд.

Ин ҳама созандагию ободкориҳо беихтиёр шеъри  Сайдалӣ Вализода «Ояндаи Данғара»-ро, ки онро муаллиф соли 1968 эҷод намудааст, ба ёд  меоранд:

Ман шунидам кори нав, додар намоён мешавад,
Аз паи шодӣ ба мо шодӣ дучандон мешавад…
Инженери кордоне дар сухан гуфто ба ман,
Данғара гулзори шарқи Тоҷикистон мешавад…

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2020 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд