27 июл Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Академияи миллии илмҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» нишасти матбуотӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2020 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Академияи миллии илмҳо соати 08:30, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 10:00, МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати 14:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 10:00 дар корхонаи зикршуда ва Вазорати корҳои хориҷӣ соати 11:00 дар Вазорати мазкур доир мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.








Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард






