Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ: 3,39 млн. сомонӣ маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ рӯёнида шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон қарзҳои кредиторӣ барои хизмати обрасонӣ 348,89 млн. сомонӣ, аз ҷумла қарзи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 22,85 млн сомонӣ, қарзи музди меҳнат 3,1 млн.сомонӣ ва қарзи ҳамаи намуди андозҳо 11,0 млн.сомониро ташкил менамояд. Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 20,67 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин 3,39 млн. сомонӣ рӯёнида шуд ва боқимонда 17,27 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон иброз намуд.
Мавсуф гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон сохторҳои дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ будаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 61 038 истифодабарандаи об дар 547 227 гектар замини корами обӣ шартномаи доду гирифти об ба имзо расонид. Ба онҳо дар ҳаҷми 1805,4 млн.метри мукааб бо арзиши 34,75 млн. сомонӣ об расониданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138,0 млн.метри мукааб об ва 30,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замини обӣ 3,3 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст.
«Бо вуҷуди он, ки идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои шартномавии худро ҷиҳати бо оби обёрӣ таъмин намудани истифодабарандагони об иҷро карда бошанд ҳам, аз ҷониби истифодабарандагони об ҳамагӣ ба маблағи 25,65 млн. сомонӣ ё ин ки 75 фоизи арзиши оби додашуда ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудаасту халос», — гуфт Холмурод Раҳмон.
Мавсуф инчунин иброз намуд, ки бақияи қарзи соли равон аз ин ҳисоб 5,0 млн.сомонӣ ва бо назардошти солҳои пешин 140,3 млн. сомониро ташкил менамояд. Бинобар пурра ва сари вақт пардохт накардани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби обистифодабарандагони қарзҳои дебиторӣ 6,2 млн.сомонӣ афзоиш ёфта, 173,19 млн.сомониро ташкил менамояд, ки дар навбати худ сабаби афзоиш ёфтани қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






