«Амонатбонк» барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 3,4 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намуд

Июль 21, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба эълон гардидани солҳои  2019-2021  Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ  ва ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ   Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз ҳисоби захираҳои худӣ имсол ба 178 нафар соҳибкор  ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст.

Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки  сандуқи қарзии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 691,2 миллион сомонӣ ва теъдоди қарзгирон аз рӯи бақия  беш аз 32 ҳазору 400 нафарро  ташкил медиҳад, ки аз ин ба соҳаҳои  саноат 14 фоиз, кишоварзӣ 24 фоиз, истеъмолӣ 16 фоиз, сохтмон 7,4 фоиз, тиҷорат 27,1 фоиз, нақлиёт 9,4 фоиз  ва дигар хизматрасониҳо,  аз қабили сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ 3,1 фоиз рост меояд.

Сироҷиддин Икромӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар шашмоҳаи аввали соли равон зикр кард, ки бонки мазкур  ба 22 ҳазор корхонаю ташкилот ва 743 ҳазор нафар  нафақагирони мақомоти  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ва ҳифзи ҳуқуқ беш аз 1,6 миллион нафар  пасандозгузорон  тавассути 75 филиал  ва 546 маркази хизматрасонии бонкӣ бо шумораи 2800 нафар кормандон дар саросари  мамлакат хизмат мерасонад.

Зикр гардид, ки то 30 июни соли равон дороиҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  4,2 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш  3,8 миллиард сомониро ташкил дода, пардохтпазирии бонк  дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои  дахлдор гузаронида шуданд. Инчунин дар ин давра сармояи Бонк  ба андозаи 6,6 фоиз афзоиш ёфта, ба 444,6 миллион сомонӣ  баробар гардида, даромади софи бонк 23,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  17,5 фоиз  зиёд мебошад.

Июль 21, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд