Бар асари пандемия ба Афғонистон ва боз 26 мамлакати ҷаҳон хатари буҳрони ғизоӣ таҳдид менамояд

Июль 21, 2020 10:29

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносони Ташкилоти хӯрокворӣ ва кишоварзии (ТХК)  СММ ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) 27 кишварро муайян карданд, ки вазъияти амнияти озуқавории онҳо аз сабаби пандемия метавонад ба таври назаррас бадтар шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТХК хабар дод.

Ба ин кишварҳо Афғонистон, Бангладеш, Гаити, Венесуэла, Ироқ, Ливан, Судон, Сурия, Буркина Фасо, Камерун, Либерия, Малӣ, Нигер, Нигерия, Мозамбик, Серра-Леоне ва Зимбабве дохил мебошанд.

Ҳамзамон зикр карда мешавад, ки қимати маводи хӯрокворӣ дар Афғонистон дар заминаи коҳиши даромади хонаводаҳо ба асари пандемия қариб 20% зиёд шудааст. Пайомадҳои иқтисодии буҳрон дар Бангладеш метавонанд шумораи одамони камбизоатро тақрибан дучанд кунанд. Дар кишварҳои Африка офатҳои табиӣ ва ҳамлаи малахҳо вазъиятро шадидтар менамоянд, мегӯянд коршиносон.Барои муқовимат бо ин равандҳо ТХК дубора дар хусуси афзоиши кумаки зарурӣ то 428.5 миллион доллар мутобиқи Нақшаи башардӯстона ва сартосарии СММ оид ба аксуламал бо пандемия эълом намуд.Мувофиқи пешгӯиҳои ТХК, ба асари пандемия ва чораҳои маҳдудкунандаи вобаста ба он шумораи одамони  мубталои гуруснагӣ дар ҷаҳон метавонад ба 132 миллион нафар бирасад. Тибқи арзёбиҳои WFP, шумораи мазкур метавонад ду баробар зиёдтар бошад. Инҷо аслан сухан дар бораи кишварҳои осебпазир, яъне нуқтаҳои доғи гуруснагӣ меравад.

 

АКС аз манобеи боз

Июль 21, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд