Бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 15 ва фавт 27 маротиба коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Сатҳи бемории COVID-19, ки миёнаҳои моҳи май ба авҷи баландтарини худ расида буд, охири моҳи июн то ба 15 маротиба коҳиш ёфт. Марг аз ин беморӣ 27 маротиба кам шуд», — гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ.
Ҷамолиддин Абдуллозода тавзеҳ дод, ки дар Тоҷикистон паҳншавии ин беморӣ то андозае ба эътидол омадааст.
Илова бар ин, вай илова намуд, ки дар мамлакати мо тамоми шароити зарурӣ барои расондани ёрии тиббӣ ба беморони гирифтори COVID-19, аз ҷумла доруҳо, лавозимоти муҳофизатӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ мавҷуданд.
Дар мавриди боэътимодии тестҳо барои муайян намудани коронавирус, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шарҳ дод, ки дар оғози пандемия дар Тоҷикистон эътимоднокии тестҳои COVID-19 60% -ро ташкил медод. Бо рушди таҷрибаи мутахассисони соҳаи тиб — вирусологҳо, эътимоднокии онҳо ҳоло 93% -ро ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки бо мақсади ташхиси саривақтии COVID-19 дар сатҳи лабораторӣ ба Тоҷикистон 183,600 адад экспресс – тестҳо, аз ҷумла аз Чин — 110,000, аз Россия — 27,000, аз Кувайт — 25,000 ва аз Ӯзбекистон — 21,600 оварда шуда буданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






