Чеварони корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» барои мактаббачагони Беларус либос медӯзанд

Июль 23, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» фармоиши ширкати «Бил Бим Бом»-и Ҷумҳурии Беларусро  дар ҳаҷми 68 000 доллари ИМА доир ба дӯхтани либоси мактабӣ барои хонандагони мактабҳои  ин кишвар  ба анҷом расонид. Корхона боз дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ аз  ширкати мазкур  фармоиш гирифт. Дӯзандагони  корхона ҳамарӯза 300 адад либос барои мактаббачагони Беларус медӯзанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои масъулин,  роҳбарияти корхона бо роҳандозии 3 хатти нави истеҳсолӣ ва насби 70 таҷҳизоти муосир  шумораи коргаронро боз то  100 нафари дигар бештар хоҳад намуд.

«Дар корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» дӯхти либосҳои соҳавӣ ва мактабӣ васеъ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон бо назардошти вазъи сироятёбии сокинони кишварҳои дохиливу хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат истеҳсоли ниқоб ва корҷомаҳои тиббӣ роҳандозӣ гардидааст»,- афзуд манбаъ.

ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд»,  ки ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин машғул аст, айни замон   истеҳсоли 3 намуд ниқобҳои тиббиро  бо истифода аз дока ва хомсуф ба роҳ мондааст. Корхона дорои иқтидори бузург буда, метавонад миллионҳо дона ниқоби тиббиро истеҳсол ва вориди фурӯшгоҳҳо созад.

Хотиррасон мешавем, ки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид  бо  фаъолияти ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” шинос  шуда,  дастур дод, ки баҳри босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани  дастгоҳи истеҳсолии муосир ба корхона тадбирҳои таъҷилӣ андешида шаванд.

Раиси шаҳр ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки дар баробари истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва корҷомаҳои тиббии муҳофизатӣ ҳамзамон дар самти ба роҳ мондани сару либоси мактабӣ ва шиму костюми мардона тадбирҳои мушаххас андешанд.

«Барои истеҳсоли ин навъи маҳсулот  дар корхона ашёи хом  мавҷуд буда, талаботи бозори дохилӣ ба он бештар аст. Барои содироти ин навъи маҳсулот низ тадбирҳо андешида шавад»,-афзуд номбурда.

Ёдовар мешавем, ки ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” яке аз корхонаҳои калонтарини саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бозори дохилиро бо либосҳои баландсифати ватанӣ таъмин намуда, бо давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои дуҷонибаи дарозмуддат дорад ва маҳсулоти худро ба давлатҳои Туркия, Беларус ва Федератсияи Русия содир менамояд.

Июль 23, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд