COVID-19. ҶДММ «Хрустал» ба муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак намуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он ҶДММ «Хрустал» ба муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки навбатӣ расонид, ки он аз либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ иборат мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
«Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он дар баробари мақомоти давлатӣ ҳамчунин бахши хусусӣ низ нақши муассир мегузоранд. Дар чанд ҳафтаи охир сироятёбӣ ба ин вирус бамаротиб паст шудааст, аммо табибон ба сокинон ҳушдор медиҳанд, ки то пирӯзии комил ба он аз чораҳои худмуҳофизатӣ даст накашанд»,- афзуд манбаъ.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов зимни қабули кумак иброз дошт, ки маҳз муборизаи муштараки мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд буд, ки ҷумҳурии мо тавонист аз паҳншавии густурдаи ин беморӣ пешгирӣ намояд ва вазиятро ба эътидол оварад.
Сардори раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров зикр кард, ки ин ҷаъмият ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ тақдим намудааст. Ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.
«Зеро назар ба таҳлилҳои коршиносони соҳаи тиб бемории COVID-19 ба як бемории маъмулии табдил ёфтааст ва имкон дорад, ки дуввумбора ҳам хуруҷ кунад. Алъон дар ҷаҳон барои табобати ин беморӣ ягон намуди воксина аз тарафи олимони сироятшинос тасдиқ нашудааст ва ягона роҳи наҷот аз ин он истифодаи ниқоб ва риояи гигиенаи шахсӣ мебошад»,- илова кард номбурда.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






