COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 236 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд

Июль 11, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 236 ҳазор зиёд шуда, аз 12,6 миллион нафар гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 11:00 дар ҷаҳон 12 631 067 ҳолати сироятёбӣ ва 562 889 фавт ба қайд гирифта шудааст. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 236 918 нафар ва теъдоди фавтидагон 5 416 кас зиёд шуд, ки ин нишондод аз лаҳзаи хуруҷи пандемия рекордӣ ба хисоб меравад.

Омори СУТ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 223 640 ҳолати сироятёбӣ ва 5 400 фавт ошкор гардида буд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 291 786 нафар), Бразилия (1 804 338), Ҳиндустон (822 603), Россия (713 936), Перу (319 646), Чили (309 274), Испания (300 988), Мексика (289 174), Британияи Кабир (288 133) ва Эрон (252 720) дохил мешаванд.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 11, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд