Дар Душанбе зимни баргузории амалиёти «Корд» паҳнкунандаи силоҳи сард дастгир шуд

Июль 6, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти шартии «Корд» сокини  кӯчаи Наврӯзи пойтахт Слезен Дидор Сорбоновичи 25-соларо, ки  ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла корд машғул будааст, дастгир карданд.  Дастгиршуда паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян шуда, онҳоро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҷараёни амалиёт аз ӯ миқдори зиёди предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашванда, аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус (финка) дарёфту мусодира карда шуданд.

Мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба  шаҳрванд Слезан Дидор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори  Суд ба номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Июль 6, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид