Дар Муъминобод ба пешвози 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 15 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд

Июль 10, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 10.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод беш аз 300 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешавад. То ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия сохтмони 15 иншоот ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Фирдавс Зарифов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз иншооти сохташаванда 3 адад ба соҳаи маориф, 9 адад ба тандурустӣ, ду бино ба фарҳанг, се коргоҳи истеҳсолӣ, 7 марказҳои  хизматрасонии маишӣ, 5 коргоҳи коркарди меваю сабзавот ва майдончаҳои  варзишию дигар биноҳои маъмурӣ рост меоянд.

Тибқи иттилои номбурда, дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, ба ин восита  даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷой кор таъмин гардиданд.

Масъулини ноҳия барои сари вақт ва бо сифати баланд сохта ба истифода супоридани иншооти боқимонда масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ дастрас намуда, мутахассисон корро дар ду баст ташкил намудаанд.

Иншооти мазкур бо маблағҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон сохта ба истифода дода мешавад, ки то имрӯз зиёда аз 40 фоизи корҳои сохтмонӣ  ба итмом расидаанд.

 

ДАР АКС: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и н. Муъминобод. АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст