Дар шаҳри Гулистон дар ду соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 70 иншоот сохта шуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд давоми ду сол 129 иншооти ҷашнӣ, ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, дар натиҷаи корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сокинони саховатманд дар ин муддат зиёда аз 70 иншооти иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ин матлаб зимни ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ давоми шаш моҳи соли 2020, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баргузор шуд, баён гардид.
Дар ҷаласа роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр муовини якуми раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷети давлатӣ 100,7 фоиз ва нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 109,3 фоиз иҷро гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ба иқтисодиёти шаҳр 91,3 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид, ки аз он 46,9 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 44,4 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта инвеститсияи дохилӣ 2,2 маротиба зиёд мебошад.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳ ба маблағи 1 миллиарду 244,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,1% то ба 3,6 маротиба зиёд таъмин намуда, 64 номгӯи маҳсулотро истеҳсол намуданд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






