Дар Қубодиён гумонбар ба дуздӣ дар дорухонаҳо дастгир шуд

Июль 22, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Қубодиён нисбат ба Зайниддин Саидбеков бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Чанд нафар аз сокинони ноҳияи Қубодиён ба шуъбаи вазорати корҳои дохилии ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуданд, ки мағозаҳо ва дорухонаҳояшон ҳадафи дуздон қарор гирифтааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як нафар сокини ҳамин ноҳия Зайниддин Саидбеков, соли таваллудаш 1999, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Зимни пурсиши гумонбаршаванда маълум шуд, ки З. Саидбеков дар ҳудуди ноҳия тариқи шикастани қулфи дару тирезаи биноҳои дорухонаҳо ва мағозаҳо ба дохил ворид гардида, аз он ҷо маблағҳои пулиро тасарруф намуда, ба соҳибмулкон зарари молиявӣ расонидааст.

Чунин як ҳолат шаби 02 ба 03 июли соли равон ба вуқӯъ пайвастааст.

Бо шикастани қулфи дари бинои дорухонаи дар маркази ноҳия воқеъбуда, ки ба соҳибкор Курбонов Баҳодур тааллуқ дорад, ба он ворид гардидааст. Аз он ҷо бо роҳи пинҳонӣ 17 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонидааст.

Кормандони милитсия ин нафари ҷиноятпешаро дастгир карданд.
Боздоштшуда дар панҷ ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.

Июль 22, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд