Дастаҳои «Хатлон», «Зебо» ва «Зебонисо» дар даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Июль 23, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 23.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон  дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд. Муддаиёни медалҳои тилло-дастаҳои футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Зебо»-и ноҳияи  Дӯстӣ  ва «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе дар ин давр низ бо ҳисоби калон ғалаба карданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри   Бохтар ба дарвозаи дастаи «Чашма»-и ноҳияи  Шаҳритус  12 голи беҷавоб зад. Лайло Ҳалимова 6 гол, Сайрамҷон Холназарова, Шукрона Азимзода дуголӣ, Қурбонгул Қурбонова ва Нишона Саидова якголӣ ба ҳадаф расониданд Дастаи футболи  «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи дастаи  «Барқ»-и шаҳри Норак 13 голи беҷавоб зад. Мадина Фозилова 6 гол, Шукронаи Ҷумахон 5 гол, Некубахт Худодова ва Амина Собирова якголӣ ба ҳадаф расониданд.

Бозӣ миёни дастаҳои  футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  ва «Зебо»-и ноҳияи  Дӯстӣ  бо ҳисоби 1:8 анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Манзура Ҳазратқулова (2 гол), Мавҷуда Сафарова (2 гол), Меҳрангез Шарифова (2 гол), Саҳина Саидова ва Зуҳро Бобомуродова ба нишон расониданд. Як голи дастаи  «Ҳосилот»-ро Шаҳзода Хидирова ба нишон расонид.

Дар бозиҳои  дигар дастаҳои  футболи «Бешкент»-и ноҳияи   Носири Хусрав бар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Ҳамаи голҳоро Рафина Нормуродова ба нишон расонид. «Панҷшер»-и  Ҷалолиддин Балхӣ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 0:13 шикаст хӯрд. Зулайхо Сафарова 5 гол, Ҷонона Ҳалимова ва Наргиза Бобоева чорголӣ ба нишон расониданд.

Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 26 июл дар варзишгоҳҳои мамлакат сурат мегиранд. Дар ин даври мазкур дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ, «Барқ»-и шаҳри Норак  бо «Бешкент»-и Носири Хусрав, «Зебо»-и Дӯстӣ бо «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе, «Чашма»-и Шаҳритус  бо «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор байни ҳам рақобат мекунанд.

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Хатлон» (Бохтар)  6  5  1  0  42-4  16
 2  «Зебо»(Дӯстӣ)  6  5  1  0  35-3  16
 3  «Зебонисо» (Душанбе)  6  5  0  1  52-2  15
 4  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  6  3  1  2  17-6  10
 5  «Бешкент» (Носири Хусрав)  6  3  1  2  17-6  10
 6  «Барқ»  (Норак)  6  3  0  3  5-27  9
 7  «Чашма»  (Шаҳритус)  6  2  0  4  8-37  6
 8 «Ҳосилот» (Фархор)  6  1  1  4  3-19  4
 9  «Панҷшер»(Ҷалолиддин Балхӣ)  6  0  1  5  4-58  1
 10  «Равшан» (Кӯлоб)  6  0  0  6  0-35  0
Июль 23, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад