ҶДММ «Фариза ва КОМ» ба хонандагони шаҳри Роғун 5280 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ пешниҳод менамояд

Июль 28, 2020 13:52

РОҒУН, 28.07.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Шуъбаи маорифи шаҳри Роғун бо мақсади  таъмин намудани  хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ дар соли таҳсили 2020-2021  бо корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Фариза ва КОМ” барои дӯхтани 5280 ҷуфт либосҳои мактабӣ ба маблағи 844,8 ҳазор сомонӣ шартнома  ба тасвиб расонид. То ба имрӯз 1500 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ дастраси муасисаҳои таълимӣ гардонида шудааст. Дар ин бора раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар   намуд.  

Зимни нишаст ҳамзамон дар мавриди тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва таъмини ҳаёти солими шаҳрвандон гуфта шуд, ки баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ташкил намудани  системаи безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои  симобдор” дар назди  КВД “СОКО ва ХМК”-и шаҳри Роғун анбори махсус ҷудо карда шудааст.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо саҳми кормандони корхонаи мазкур аз аҳолӣ 1325 дона ва аз аввали ҷамъоварӣ 5460 дона лампаҳои каммасрафи аз истифода баромада ҷамъоварӣ карда шуда, ба шаҳри Душанбе барои безараргардонӣ фиристода шуданд.

Июль 28, 2020 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе