ФУТБОЛ. 11-12 июл бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон баргузор мешаванд

Июль 7, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 июли соли равон дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали лигаи олии Тоҷикситон  доир мегарданд. 11 июл дастаҳои футболи  «Куктош» бо «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон», «Истаравшан» бо КМВА  ва 12 июл «Хуҷанд» бо «Душанбе-83», «Истиқлол» бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе  байни  ҳам рақобат мекунанд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври ҳаштуми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ  4-5 июли соли равон  баргузор гардида буданд.  4 июл дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе  дар шаҳри Кӯлоб бар  дастаи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби калони  4:0  пирӯз шуд. Голҳои дастаи «Истиқлол»-ро дар ин вохӯрии  ҷолиб Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов ва Шериддин Бобоев ба ҳадаф расониданд.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд низ дар сафар бар  дастаи  «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.  Бозии ҷолибу диданӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат миёни дастаҳои футболи  «Душанбе-83»-и Душанбе  ва «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан сурат гирифт. Ҳарчанд шогирдони Алиёр Ашурмамадов бо ҳисоби 0:2 пешсаф буданд, вале натавонистанд ин ҳисобро нигоҳ доранд. Душанбегиҳо дар қисми аввал ҳисобро мусовӣ намуданд. Дар қисми дуюм дастаҳо якголии дигар заданд. Натиҷа – 3:3 мусовӣ анҷом ёфт. Дар ҳайати тими Душанбе Элчибек Рашидбеков ду гол, Хуршед Абдуллоев як гол ба ҳалаф расониданд. Дар ҳайати «Истаравшан» низ капитан Илҳом Баротов ду гол, Қаҳрамон Ҳомидов як гол ба номашон сабт карданд.

5 июл  дастаи Клуби марказии варзиши артиши (КМВА) Вазорати мудофиа дар майдони худ бо дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ карда, бо ҳисоби 3:1 зафар ёфт. Дар ҳайати КМВА Шервонӣ Мабатшоев ду гол, Дилшод Восиев як гол заданд. Голи тими «Регар-ТадАЗ»-ро Нозим Бобоҷонов ба иҷро расонид. Баъд аз ин ғалаба артишиҳо ба ҷои чоруми ҷадвали чемпионат баромаданд. Дар бозии охирини давр дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ дастаи  «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакиро  бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Се холи навбатӣ ба дастаи шаҳри Бохтар тавассути зарбаҳои нишонраси Худойдод Узоқов ва Сунатулло Исмоилов имконпазир гашт.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии 8 даври Чемпионати Тоҷикистон  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо 22 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 17 хол дар ҷои дуюм ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 16 хол дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтаанд.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО    Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)    8  7  1  0  38-5    22  
 2  «Хатлон» (Бохтар)  8  5  2  1  15-11    17
 3  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  8  5  1  2  16-10  16
 4  КМВА (Душанбе)  8  3  2  3  11-11  11
 5 «Душанбе-83» (Душанбе)  8  3  2  3  9-15  11
 6  «Файзканд» (Восеъ)  8  2  4  2  9-14  10
 7  «Куктош» (Рӯдакӣ)  8  2  3  3  8-11  9
 8  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  8  2  1  5  12-18  7
 9 «Локомотив-Помир» (Душанбе)  8  1  1  6  7-15  4
 10  «Истаравшан» (Истаравшан)  8  1  1  6  9-24  4

 

Манучеҳр  Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Алишер  Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 7 тӯб, Шериддин Бобоев, («Истиқлол»)- 6 тӯб, Рустам Соиров, («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») — 5 тӯб,   Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Худойдод Узоқов («Хатлон»),  Шодибек Гаффоров (КМВА)  4  тӯб, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)  Идрис Аминов, Хуршед Абдуллоев ва Элчибек Рашидбеков ( ҳама «Душанбе-83»)  3-тӯбӣ.

Июль 7, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид