ФУТБОЛ. Натиҷаи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 муайян гардид

Июль 9, 2020 10:41

ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 июли соли равон бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор шуданд. Дар натиҷа дастаҳое, ки ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифтанд, муайян гардиданд. Ба даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб, «Барқчӣ»-и Ҳисор, «Равшан»-и Зафаробод, «Моҳир»-и Ёвон ва «Эсхата»-и Хуҷанд роҳ ёфтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Саройкамар»-и Панҷ  ва Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи бозингарони ноҳияи Панҷ анҷом ёфт. Вале дастаи  «Саройкамар»  дар иваз кардани бозингарон қоидаро риоя накарда, чор имконияти иваз кардани футболбозонро дар вақти бозӣ истифода бурд (тибқи қоида дар вақти бозӣ се бозингарро иваз кардан мумкин аст). Ин масъала дар ҷаласаи навбатии Кумитаи назоратӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки имсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳар марҳила ду бозӣ анҷом медоданд, имсол он аз як бозӣ иборат аст. Мизбони бозӣ дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Марҳилаи муқаддамотӣ

«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) – 2:1

«Равшан (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 3:2

«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе) – 6:1

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 2:2. Пеналти – 0:3

«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон) – 1:4

«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 1:5

Июль 9, 2020 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид